Ссылки доступа

Боздошти домоди яке аз раҳбарони мухолифини тоҷик дар Аврупо


Як ҷавони 27-солаи тоҷикро, ки ба узвият дар гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ гумонбар аст, бо дархости Интерпол (пулиси байналмилалӣ) дар шаҳри Триполиси Юнон боздошт кардаанд.

Ӯ шавҳари хоҳари Шарофиддин Гадоев, як фаъоли мухолифини тоҷик дар Аврупо будааст. Наздиконаш пайванди ӯро бо ин созмони тундрав рад карданд.

Нашрияи “The National Herald” хабар дод, ки шахси гумонбар рӯзи 4-уми ноябр дастгир шудааст ва боздошти ӯро аз пулиси байналмилалии Интерпол Тоҷикистон дархост кардааст.

Ҳамсари ӯ рӯзи 5-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, шавҳараш ба ҳеҷ гуруҳ робита надошт ва онҳо зиндагии одӣ доранд. "Мо нав соҳиби фарзанд шуда будем. Барои гирифтани шиноснома ба идораи пулис рафтем ва ӯро дар онҷо боздошт карданд. Гуфтанд, ки мақомоти Тоҷикистон ӯро ҷустуҷӯ мекунанд. Мо зиндагии одӣ дорем ва фаъолияти сиёсӣ надорем", - гуфт ӯ.

Ин зан гуфт, ба хотири пайвандиаш бо Шарофиддин Гадоев, хонаводаи онҳо дар Тоҷикистон зери фишор буданд ва соли 2015 аз кишвар берун шуданд.

Шарофиддин Гадоев аз фаъолони мухолифини тоҷик аст, ки соли 2012 аз Тоҷикистон берун шуд ва ҳамроҳ бо Умаралӣ Қувватов, соҳибкори тоҷик “Гуруҳи 24”-ро созмон доданд. Пас аз қатли Қувватов дар соли 2015 ӯ аз ин гуруҳ хориҷ ва ҳоло раҳбари ҷунбиши “Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон"-ро бар душ дорад.

Соли 2019 хабари рабуда шудани ӯ аз Маскав ба Тоҷикистон расонаӣ шуд. Баъдан, зери фишори ҷомеаи байналмилалӣ ӯро раҳо карданд ва дубора ба Аврпуо баргашт.

Нашрияи “The National Herald” навиштааст, ки ҷавони 27-сола, падари чаҳор фарзанд буда, ҳамчун муҳоҷири ғайриқонунӣ соли 2017 вориди Юнон шудааст ва дар ин кишвар ба ӯ ҳаққи паноҳандагӣ додаанд. Ӯ гуфтааст, ки дар ватанаш таҳти таъқиб қарор дошт.

Аксари мухолифин ва пайвандонашон дар кишварҳои аврупоӣ паноҳанда шудаанд. Дар Тоҷикистон нисбат ба аксари онҳо бо иттиҳоми "ифротгароӣ" ва "терроризм" парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Худи онҳо парвандаҳоро дорои ангезаҳои сиёсӣ меноманд ва иттиҳоми мақомоти тоҷикро рад мекунанд.

XS
SM
MD
LG