Ссылки доступа

Мақомоти Узбекистон гуфтанд, ба ҷуз аз воксини чинӣ чанд доруи дигарро озмоиш мекунанд


Вазири рушди инноватсионии Узбекистон Иброҳим Абдураҳмонов гуфт, барои таъмини узбекистониҳо бо воксини зидди вабои коронавирус бояд чанд озмоиши мухталиф гузаронида шавад.

Ин озмоишҳо метавонанд, воксинҳои русӣ, аврупоӣ, амрикоӣ ва ё чинӣ бошанд, афзуд вазир.

Вазир афзудааст, дар ҳоли ҳозир дар Узбекистон якбора чанд воксин озмоиш мешавад.

"Анҷоми озмоиши чанд воксин ҳамзамон талаботи вақт аст", - гуфт Иброҳим Абдураҳмонов.

Пештар аз ин хабар расида буд, ки дар Узбекистон дар ҷисми 5 ҳазор сокин воксини чинии зидди вабои коронавирус озмоиш мешавад.

XS
SM
MD
LG