Ссылки доступа

САҲА Белорусро ба баргузории интихоботи нави президентӣ даъват кард


САҲА аз мақомоти Белорус даъват кард, ки дар асоси стандартҳои байналхалқӣ интихоботи нави президентӣ баргузор кунанд.

Дар гузорише Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) пешниҳод кардааст, натиҷаиҳои интихоботи рӯзи 9 август бекор карда шавад, ки дар он президенти амалкунанда Александр Лукашенко пирӯз эълом шуд.

САҲА ҳамзамон помолшавии ҳуқуқи инсонро аз сӯи мақомоти Белорус маҳкум кардааст.

Гузориши САҲА бо дархости 17 кишвар, аз ҷумла ИМА, Фаронса ва Бритониё таҳия шудааст. Минск пештар аз ҳамкорӣ бо САҲА дар мавриди қонунвайронкуниҳо дар интихоботи моҳи август худдорӣ варзида буд.

Баъди интихоботи рӯзи 9 август дар Минск ва дигар шаҳрҳои Белорус сокинон даст ба эътироз заданд. Ширкатдорони эътирозҳо истеъфои Александр Лукашенко ва баргузории интихоботи навро талаб доранд. Сокинон мақомотро дар тақаллуби натиҷаҳои интихобот ва хушунат зидди ширкатдорони эътирозҳо айбдор мекунанд.

Кишварҳои ғарбӣ Лукашенкоро ҳамчун президенти қонунии Белорус эътироф намекунанд.

XS
SM
MD
LG