Ссылки доступа

Узбекистон гуфт, омодааст дар ислоҳот ба Қирғизистон кумак кунад


Вазири умури хориҷии Қирғизистон Руслан Қазоқбоев сарвазири Узбекистон Абдулло Ориповро ба ҳузур пазируфтааст.

Ба огаҳии Вазорати умури хориҷии Қирғизистон, ҷонибҳо ба аҳамияти иҷрои лоиҳаи бунёди роҳи оҳани "Чин-Қирғизистон-Узбекистон", марказҳои савдо ва ҳамлу нақл дар минтақаҳои наздимарзӣ ва иҷрои муштараки лоиҳаҳо дар бахши энергетика таъкид кардаанд.

"Орипов омодагии Узбекистонро барои мусоидат ба Қирғизистон дар гузаронидани ислоҳот, кумаки молӣ-техникӣ ва ғизоӣ барои рушди иқтисоди Қирғизистон, аз ҷумла дар мубориза бо коронавирус баён дошт. Ҳамчунин гуфт, ки Узбекистон ба бунёди муассисаҳои табобатӣ дар Қирғизистон омода мебошад", - афзудааст вазорат.

Абдулло Орипов яке аз онҳое аст, ки нахустиншуда Содир Ҷабборовро барои сарвазири Қирғизистон таъйин шуданаш табрик гуфта буд. Суҳбати телефонии ӯ бо ҳамтои қирғизаш 15 октябри соли равон сурат гирифт.

XS
SM
MD
LG