Ссылки доступа

Панҷ чизи донистанӣ дар бораи Қонуни асосии Тоҷикистон (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Комроншоҳ ба "набард"-и ҷаҳонӣ омодагӣ мегирад. Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони номдори тоҷик, қарор аст, дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо ҳамроҳи Хушқадам Хусравов, Акмалиддин Каримов ширкат варзад. Мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон рӯзҳои 5-9-уми ноябр дар шаҳри Нови Сади Сербия баргузор мешавад. (видео)

- Панҷ чизи донистанӣ дар бораи Қонуни асосии Тоҷикистон. Қонуни асосии Тоҷикистон, ки аксарият онро санади хубу муҳим мешуморанд, вале мухолифон баъзан аз иҷро нашудани бандҳои он нигаронанд, 26 сол пеш қабул шудааст. Дар ин муддат чанд дафъа ба Қонуни асосӣ тағйирот ворид шуд (видео)

- Деҳае дар Фархор на ном дорад, на об ва на барқ. Сокинони деҳае дар ноҳияи Фархор, ки ном надорад, аз бебарқиву беобӣ шикоят мекунанд. Дар маконе, ки ин деҳ бунёд ёфтааст, даҳ соли пеш ҳукумати Фархор ба мардум замин барои хонасозӣ дод. (видео)

- Асрори марги хабарнигорони тоҷик ва пайвандони мунтазири адолат. Бо гузашти се даҳсола аз қатли чанд журналист дар Тоҷикистон пайвандонашон дар бораи қотилони онҳо маълумоте надоранд ва ҳанӯз мунтазири тантанаи адолат ҳастанд. Тафтишот рози куштори онҳоро то кунун ошкор накардааст. (видео)

- Ширкатҳои русӣ коргар меҷӯянд, муҳоҷире нест, кор кунад. Дар Русия ба сабаби ба зодгоҳҳояшон баргаштани муҳоҷирон баъзе ширкатҳо коргар намеёбанд. Намунаашро дар ин видео бубинед. (видео)

- Бонки миллии Тоҷикистон арзиши долларро якбора боло бурд. (видео Настоящее время)​

- Осиё: беқурбшавӣ дар Тоҷикистон. Дар Тоҷикистон арзиши сомонӣ дар баробари доллар поин рафт. Ҳисоби овозҳо дар интихоботи президентии ИМА идома дорад. Раиси порлумони Қирғизистон ба истеъфо рафт. (видео)

- Нархи сӯзишвории қадима дар Тоҷикистон боло рафтааст. Дар Тоҷикистон нархи таппӣ, ки дар ҳамчун сӯзишворӣ истифода мекунанд боло рафтааст. Агар соле пеш як донаи таппӣ 50 - 60 дирам буд, ҳоло як якуним сомонӣ арзиш дорад. Боло рафтани қиммати ин навъи сӯзишворӣ рӯи буҷаи хонаводаҳо чӣ таъсир мегузорад? (видео)

- Ширкатҳои русӣ коргар меҷӯянд, муҳоҷире нест, кор кунад. Дар Русия ба сабаби ба зодгоҳҳояшон баргаштани муҳоҷирон баъзе ширкатҳо коргар намеёбанд. Намунаашро дар ин видео бубинед (видео)

- Писари "генерал"-ро ба зиндон маҳкум карданд. Додгоҳи шаҳри Душанбе писари Сайид Қиёмиддини Ғозӣ, рӯҳонии шинохта, ки дар зиндон фавтид бо гуноҳи “хиёнат ба давлат” ба 13 соли зиндон маҳкум кард. Саидмуҳаммади 44-соларо ба он айбдор кардаанд, ки солҳои пеш ба манфиати Эрон кор кардааст. Идомаи мавзӯъ дар гузориши Муллораҷаб Юсуфӣ. (видео)

- Номи президенти нави Амрико кай маълум мешавад? (видео)

- Чаро қонуни интихоботи пеш аз муҳлат хилофи Конститутсияи Қирғизистон буд? (видео аз Директ)

- Модаре, ки "нони оҳанин" мехӯрд, соҳиби хонаи хусусӣ шуд. Як филми кӯтоҳи Радиои Озодӣ боис шуд, ки гуруҳи хайрхоҳон дар Тоҷикистон пул ҷамъ оварда, ба Маҳбуба Ғаниева як модари танҳо дар шаҳри Кӯлоб туҳфа карданд. Ғаниева пас аз фавти шавҳар бо ду духтари ноболиғаш иҷоранишин буд ва аз роҳи ҷамъоварии оҳанпора ризқи худу духтаронашро пайдо мекард. (видео)

- Ютубро тамошо карда омадем, инҷо дармондем. Даҳҳо муҳоҷири корӣ аз Узбекистон дар вилояти Астрахан дар марзи Русия ва Қазоқистон дармондаанд. Аксарияти онҳо пас аз тамошои наворе бо хабари бардурӯғ дар Ютуб ба ин ҷо омада, дармондаанд. (видео)

- Роҳи дури мактаб духтаронро дар Фархор қолабшикан кард. Дучархасаворӣ дар аксари минтақаҳои Тоҷикистон ҳанӯз кори писарона дониста мешавад, вале духтарони як деҳа дар Фархор қолабҳои мавҷудро шикаста, бо дучарха ба мактаб мераванд. (видео)

- Қонунӣ ё ғайриқонунӣ? Баҳси замин дар Панҷакент. Ҳукумати шаҳри Панҷакент тасмим дорад, ду иморати навсохти сокинони деҳаи Марғедари ҷамоати Рӯдакиро тахриб кунад ва пешниҳоди додани замини наздиҳавлигӣ ба 22 нафар эҳтиёҷмандро бекор намояд. Ин заминро соли 2018 ба сокинон доданд. Ҳоло чаро онро ғайриқонунӣ меноманд? Дар ин видео бубинед. (видео)

- Наврӯз Ҷаъфаров: Дар як рӯз то чор ҳазор нафарро аз КОВИД-19 ташхис карда метавонем. Арзиши ин навъи ташхис, макони анҷоми он ва тавону шаффофияти озмоишгоҳҳо дар замони пандемия миёни сокинон зиёд шунида мешаванд. Радиои Озодӣ барои посух ба ин ва дигар суолҳо дар робита ба ташхиси КОВИД-19 бо Наврӯз Ҷаъфаров, як масъули Вазорати тандурустӣ суҳбати ихтисоси анҷом дод. (видео)

- Теъдоде аз сокинони Консой оби "шӯр" менӯшанд. Сокинони шаҳраки Консой дар вилояти Суғд, шимоли Тоҷикистон, аз набудани оби ошомиданӣ шикоят доранд. Консой дар шаҳри Гулистон, Қайроққуми собиқ, воқеъ аст, ки аз қаламраваш рӯди бузурги Сир мегузарад ва обанбари Қайроққум ҳам дар онҷост. (видео)

- Баҳси пардохт нашудани маош дар Озоди Онлайн. Худкушии як корманди бахши амнияти Фурудгоҳи Душанбе, ки наздиконаш онро ба пардохт нашудани маоши чандмоҳа рабт доданд, вале масъулони идора рад карданд, мавзӯи пардохти моҳонаи коргаронро дар Тоҷикистон доғ кард. Шерафган Хоҷақулов рӯзи 25-уми октябри имсол дар ҷойи кор худкушӣ кардааст. (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД.

XS
SM
MD
LG