Ссылки доступа

Шумори муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия дар як соли охир қариб 25 дарсад кам шудааст


Шумори муҳоҷирони корӣ дар Русия дар муқоиса ба моҳи сентябри соли гузашта қариб 25 дарсад кам ва ба наздики 1,8 миллион нафар расидааст. Дар ин бора вазорати корҳои дохилии Русия хабар медиҳад.

Ба иттилои ВКД, як соли пеш ин нишондод 22,5 дарсад бештар буд ва шумори муҳоҷирон ба зиёда аз 2,3 миллион мерасид.

Пештар аз ин шарҳдори Москва Сергей Собянин гуфта буд, ки дар соли ҷорӣ ба Москва 40 дарсад муҳоҷир камтар ворид шудааст. "Шумори муҳоҷирон дар пойтахти Русия кам шудааст ва ин мушкилро ба бор овардааст", - гуфта буд Собянин.

Ба гуфтаи вай, норасии муҳоҷирон дар бахши комуналӣ ва поккории кӯчаҳои Москва мушоҳида мешавад. "Ин кори дастӣ аст, бо белу лом. На ҳамаи муҳоҷирон омодаанд, ки ин корҳоро анҷом диҳанд", - гуфта буд Собянин.

Бино ба таҳлилҳо, паҳншавии вабои коронавирус боис гардид, ки 40 дарсади ширкатҳо дар Русия бо камбуди неруи корӣ рӯ ба рӯ шаванд.

XS
SM
MD
LG