Ссылки доступа

Дар Узбекистон барои озмоиши воксинаи зидди КОВИД-19 ихтиёриёнро меҷӯянд


Аз Чин ба Узбекистон 5000 ҳазор воксини зидди коронавирус ё КОВИД-19 интиқол ёфта, дар ҳоли ҳозир ҷустуҷӯи ихтиёриён барои гузаронидани онҳо идома дорад.

Дар ин бора вазири рушди инноватсионии Узбекистон Иброҳим Абдураҳмонов 7 ноябр ба рӯзноманигорон иттилоъ додааст.

Ба гуфтаи Абдураҳмонов, санҷиши воксинаҳои чинӣ танҳо дар дармонгоҳҳои оилавии шаҳри Тошканд сурат гирифта, довталабон барои гирифтани он бояд ба пойтахти Узбекистон бираванд.

Озмоиши ин воксина дар Узбекистон 4 моҳ идома мекунад. Ахиран 4 мутахассиси чинӣ вориди Тошканд шуданд ва қарор аст, 5 тани дигар низ ба он кишвар раванд.

Воксинаи чинӣ дар шахсони аз 18-сола боло ихтиёрӣ гузаронда мешавад ва ихтиёриён маблағ ҳам дарёфт мекунанд.

XS
SM
MD
LG