Ссылки доступа

Дар Бишкек зидди тағйири Конститутсия роҳпаймоӣ карданд


Дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон зери унвони "Барои Конститутсия" ҳамоиши осоиштаи эътирозӣ баргузор шуд.

Дар ин тазоҳурот беш аз 20 фаъоли маданӣ иштирок ва дар дастҳояшон лавҳаҳое бо навиштаи "Ба Конститутсия даст нарасонед!" доштанд.

Тазоҳургарон аз гулгашти Эркиндик то майдони марказии "Ала-Тоо"-и Бишкек роҳпаймоӣ карданд. Яке аз онҳо Улан Усойун гуфт, иштирокдорони тазоҳуроти осоишта ҳифзи Конститутсияи кунунии Қирғизистон ва баргузор кардани интихоботи такрории порлумонӣ дар рӯзи 20 декабрро талаб карданд.

Бештари вакилони порлумони Қирғизистон 22 октябр дар се қироат қонуни конститутсионии он кишварро тағйир доданд, ки барои ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия ва баргузор кардани интихоботи такрории порлумонӣ дар соли оянда асос шуд.

Бар асоси қонуни тағйирёфта, интихоботи такрории порлумонии Қирғизистон баъди тағйири Конститутсия ва на дертар аз 1 июни соли 2021 бояд баргузор карда шавад.

Пештар Ҳизби "Ислоҳот"-и Қирғизистон дар робита ба қонуни қабулшудае, ки иҷрои бандҳои 38 ва 63-и Қонуни конститутсионии ин кишвар дар бораи интихоботи президентӣ ва порлумониро манъ мекунад, ба Палатаи конститутсионӣ муроҷиат карда буд.

Як қатор намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Қирғизистон иҷрокунандаи вазифаҳои президент ва сарвазири Қирғизистон Содир Ҷабборовро ба он айбдор мекунанд, ки бо тағйири Конститутсия кушиш дорад, қудратро "ғасб" кунад. Вале худи Ҷабборов ин иттиҳомро дар суҳбат бо сокинони шаҳри Ӯш рад карда, гуфт, тағйири Конститутсия "ошкоро" сурат мегирад.

XS
SM
MD
LG