Ссылки доступа

Пулиси Тифлис эътирозгаронро бо мошинҳои обпош пароканда кард


Дар пойтахти Гурҷистон, шаҳри Тифлис шоми якшанбе байни эътирозгарон ва пулис занозанӣ рух дод.

Кормандони мақомоти қудратӣ зидди эътирозгарон, ки назди бинои Комисияи марказии интихоботӣ ҷамъ шуда буданд, аз мошинҳои обпош ва гази ашковар истифода кард.

Эътирозгарон истеъфои раиси комисия ва таъйини интихоботи нави порлумониро талаб доранд.

Пулис гуфт, ба хотири он аз неру кор гирифт, ки эътирозгарон талош карданд, ба бино ҳамла кунанд. Аммо пулис истифодаи гази ашковарро рад мекунад.

Дар интихоботи порлумонии рӯзи 31 октябр ҳизби ҳокими "Орзуи гурҷӣ" пирӯз эълом шуд. Мухолифон бо роҳбарии ҳизби Ҳаракати ягонаи миллӣ интихоботро тақаллубӣ унвон карданд. Намояндагони мухолифин гуфтанд, аз вуруд ба порлумон худдорӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG