Ссылки доступа

Илҳом Алиев гуфт, агар Арманистон шартҳои ӯро напазирад, Озарбойҷон дар Қарабоғ то охир меҷангад


Илҳом Алиев, президенти Озарбойҷон гуфт, агар Арманистон шартҳои Бокуро напазирад, кишвараш амалиётро дар Қарабоғи Куҳӣ идома хоҳад дод.

"Мо то охир меравем, агар мақомоти Арманистон ба талаби ман похсу надиҳанд. Онҳо бояд аз ҳудудҳои ишғолӣ берун раванд", - гуфт Алиев дар як суханронӣ рӯзи якшанбе.

Ба гуфтаи вай, аз 27 сентбяр то кунун артиши Озарбойҷон бештар аз 200 маҳалли аҳолинишин, аз ҷумла шаҳрҳои Физулӣ, Ҷабраил, Зангилон, Губадлӣ ва Шушаро ишғол кардаанд.

"Ҷангҳо идома доранд. Роҳи пирӯзии артиши Озарбойҷон ҳамвор мешавад. Мо артиш ва техникаи низомии Арманистонро хароб кардем. Арманистон амалан мағлубиятро эътироф кардааст, дархости кӯмаки низомӣ дорад", - гуфт Алиев.

Ҷониби Арманистон ба ин изҳорот ҳанӯз вокуниш нишон надодааст.

Дар ҳамин ҳол, субҳи рӯзи якшанбе мақомоти ҷумҳурии худхондаи Қарабоғи Куҳӣ гуфтанд, ки артиши Озарбойҷон дар ҷангҳои наздики Шуша талафоти калон додааст.

Озарбойҷон дар оғози солҳои 1990 дар натиҷаи ҷангҳо бо Арманистон назорати Қарабоғи Куҳӣ ва ҳафт ноҳияи дигарро аз даст дод.

Низоми оташбас байни Арманистону Қарабоғи Куҳӣ аз як тараф ва Озарбойҷон аз тарафи дигар дар моҳи майи соли 1994 барқарор шуд.

Айни замон бо ёрии чанд кишвар гуфтугуҳо баро ҳалли низоми Қарабоғи Куҳӣ идома доранд.

Озарбойҷон ҷумҳурии худхондаи Қарабоғи Куҳиро эътироф намекунад.

XS
SM
MD
LG