Ссылки доступа

Дар Узбекистон рақамҳои қайди давлатии "зебо"-ро бо гузашти замон арзонтар мефурӯшанд


Рақамҳои қайди давлатии "зебо"-ро дар Узбекистон, ки давоми 6 моҳ тариқи музояда ба фурӯш нарафтаанд, арзонтар хоҳанд фурӯхт.

Девони вазирони Узбекистон чунин қарор қабул кард.

Бино ба тағйирот дар қонунгузории он кишвар, агар рақамҳои "зебо"-и қайди давлатии мошинҳо давоми 6 моҳ бо нархи гарон ба фурӯш нараванд, минбаъд бо нархи арзон ба фурӯш гузошта мешаванд.

XS
SM
MD
LG