Ссылки доступа

Дар Узбекистон шуруъ аз соли нав ба кӯдакон витамин ва йоди ройгон медиҳанд


Шуруъ аз 1 июни соли 2021 дар Узбекистон ба кӯдакони то 5-сола ба таври ройгон витамин, ба кӯдакони то 10-сола доруҳои зидди паразитӣ ва ба кӯдакони то 15-сола доруҳои йоддор тақсим мешавад.

Дар ин бора президенти он кишвар Шавкат Мирзиёев хабар дод.

Ба гуфтаи вай, дар даврони шӯравӣ тақсими ин навъи доруҳо ба кӯдакон бо пешниҳоди нодурусти мақомот манъ шуда буд. Дар натиҷа табобати норасоии ин доруҳо 10 баробар гарон меуфтад.

Бино ба қарори нави ҳукумати он кишвар, доруҳои зикршуда ва витаминҳо ба занони ҳомиладор ва кӯдакон аз сӯи табибони хонаводагӣ тақсим мешаванд.

XS
SM
MD
LG