Ссылки доступа

Ҳукумати Қирғизистон дар баргардонии қарзҳои бонкӣ ба сокинон кӯмак мерасонад


Ҳукумати Қирғизистон 1,2 млрд сом барои сокиноне ҷудо мекунад, ки аз бонкҳо то 100 ҳазор сом қарз гирифта, дар баргардонии он дар мондаанд.

Дар ин бора Содир Ҷабборов, сарвазир ва иҷрокунандаи вазифаҳои президенти Қирғизистон дар мулоқот бо сокинони шаҳри Норин рӯзи 9 ноябр хабар дод.

"Касоне, ки то 100 ҳазор сом аз бонк қарз гирифтаанд, мо давоми се моҳ - декабр, январ ва феврал дар пардохти фоизҳо кӯмак мерасонем. Шумо дар ёд доред, ки замон вабои коронавирус ҳукумат натавонист кӯмак расонад. Барои ин ҳадаф 1,2 млрд сом (бештар аз 14 млн доллар) ҷудо шудааст", - гуфт Ҷабборов.

Ба иттилои вазорати молияи Қирғизистон, дар 9 моҳи соли ҷорӣ даромади буҷаи он кишвар 89,8 млрд сом, харҷ 104,9 млрд сомро ташкил додааст. Буҷаи он кишвар 15,1 млрд сом камомад дорад.

XS
SM
MD
LG