Ссылки доступа

Дар ғарби Қазоқистон дубора карантин эълом шуд


Дар минтақаҳои аҳолинишини вилояти Қазоқистони Ғарбии Қазоқистон рӯзҳои истироҳат постгоҳҳои беҳдоштӣ ташкил, баромаду даромад ба шаҳри Урал маҳдуд ва соати корӣ дар корхонаҳо коҳиш дода хоҳад шуд.

Ин чораҳо дар фармони сардухтури беҳдоштии вилояти Қазоқистони Ғарбӣ Мухамгалӣ Ариспаев, ки 9 ноябр ба иҷро даромад, омадааст.

Дар фармон сабаби ташкили постгоҳҳои беҳдоштӣ гузаронидани чорабиниҳои зиддисироятӣ гуфта шудааст. Даромаду баромад аз Урал танҳо ба кормандони ширкатҳое иҷозат аст, ки фаъолияти онҳо, ба гуфтаи мақомот, ҳаётӣ мебошад.

Муассисаҳои давлатӣ муваззаф шудаанд, ки то 80 дарсади кормандони худро ба фаъолияти фосилавӣ гузаронанд. Дари фурӯшгоҳ, қаҳвахона, ошхона, бозор, масҷиду калисоҳо танҳо рӯзҳои корӣ боз буда, фаъолияти толори варзишӣ, кошонаи ҳусн, ҳавз ва сартарошхонаҳо рӯзи якшанбе манъ аст.

Ҳаракати автобусҳои мусофирбар низ рӯзи якшанбе дар минтақа маҳдуд карда шудааст. Ҳамчунин ба равуо бо мошини шахсӣ аз соати 23-и шаб то 6-и субҳ иҷозат дода намешавад.

Бино ба иттилои расмӣ, давоми як шабонарӯзи ахир дар Қазоқистони Ғарбӣ 45 ҳолати нави мубталошавӣ ба коронавирус сабт шудааст. Шумори умумии мубталоён дар онҷо ба 7274 расида, 121 ҷон додааст.

XS
SM
MD
LG