Ссылки доступа

Аз хонаи як масъули гумруки Узбекистон $311 ҳазор нақдина дарёфт шудааст


Дар рафти бозҷӯии хонаи сардори постгоҳи гумрукии "Арк-Булак" 311 ҳазор доллари нақдинаеро пайдо кардаанд, ки ҳамчун пора гирифта шудааст. Дар ин бора додситони кулли Узбекистон Неъматулло Юлдошев ба расонаҳо хабар дод.

Ба гуфтаи Юлдошев, кормандони гумрук дар постгоҳи "Арк-Булак" бар ивази маблағ ҳаҷми молу маҳсулоти воридшударо кам нишон медодаанд.

Дар доираи чорабиниҳои мубориза бар зидди фасодкорӣ дар Узбекистон манзили зисти сардори постгоҳи мазкур бозҷӯӣ ва 311 ҳазор доллари нақдина мусодира шудааст. Ба гуфтаи додситон, нақдинаҳои мазкур ҳамчун пора ба сардори постгоҳ дода шудаанд.

Ҳамчунин муайян шудааст, ки сардори постгоҳ бо пораҳои гирифтааш дар ноҳияи Бустонлиқи вилояти Тошканд хонаи боҳашаматеро бунёд кард, ду манзили зист ва амволи ғайриманқули дигарро дар маҷмааи "Тошканд-Ситӣ" харидорӣ намудааст.

XS
SM
MD
LG