Ссылки доступа

Шумори мубталоёни КОВИД-19 дар ҷаҳон аз 50 млн гузашт


Транспортировка больного COVID-19. Чехия
Транспортировка больного COVID-19. Чехия

Бино ба ҳисоби Донишгоҳи Ҷонс Хопкинс, аз аввали шуюи коронавирус ё КОВИД-19 дар ҷаҳон ҷамъан беш аз 50 миллион ҳолати мубталошавӣ ба ин вирус сабт шудааст.

Назди 10 миллиони ин ҳолатҳо дар ИМА сабт гашта, Ҳиндустон бо ҳудуди 8,5 миллион ҳолат дар мақоми дувум қарор дорад. Дар Русия ва Фаронса, ки аз рӯи теъдоди мубталоён дар раддабандӣ пайи ҳам қарор доранд, 1 миллиону 750 ҳазор-ҳолатӣ ба қайд гирифта шудааст.

Шумори қурбониёни коронавируси нав дар саросари ҷаҳон аз 1 миллиону 250 ҳазор гузаштааст, ки ба ҳисоби миёна, ҳудуди 2,5 дарсади мубталоёнро ташкил медиҳад.

Бино ба омори расмӣ, дар Русия беш аз 30 ҳазор одам фавтидааст ва ба ин омор на ҳамаи мубталоён шомил шудаанд. Танҳо номи афроде ба рӯйхат роҳ ёфтааст, ки сабаби маргашон коронавирус гуфта мешавад.

Дар ҷаҳон беш аз 35 миллион бемори мубтало ба коронавируси нав шифо ёфтааст.

Дар давоми як рӯзи ахир дар Русия 21 ҳазору 798 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус ошкор шудааст. Ин баландтарин нишондод аз аввали пандемияи коронавирус аст.

XS
SM
MD
LG