Ссылки доступа

Донишҷӯёни тоҷик мехоҳанд ба Русия баргарданд (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Донишҷӯёни тоҷик мехоҳанд ба Русия баргарданд. (видео)

- "Бӯстон"-и Панҷакент аз камбуди оби ошомиданӣ азият мекашад. (видео)

- Номзад ба мақоми президентии Қирғизистон дар Русия таблиғ дорад. (видео аз Директ)

-Постгоҳҳо дар ғарби Қазоқистон: теъдоди мубталоёни коронавирус дар марз бо Русия меафзояд. (видео)

- Озурда кардани Лоҳутиро "нишон намедиҳанд". Филми мустанади “Устод”-и Давлат Худоназаров, ки ба зиндагии шоири шинохта Абулқосим Лоҳутӣ бахшида шуда буд, танҳо дар чаҳорчӯби ҷашни 100-солагии ӯ дар доираи маҳдуд намоиш дода шуд ва сипас ба мавзӯи баҳсӣ табдил ёфт. (видео)

- "Вазироне, ки солҳо сари вазифаанд, боз тасдиқ шуданд".​Ҳайати ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 3-юми ноябр нав шуд. Аз 22 узви ҳукумат ҳабдаҳ нафар дар мансабҳои пешинаи худ монданд ё ҷой иваз карданд. Ҷойивазкуние, ки мухолифон ҳамвора танқид мекунанд.

- Дар Тоҷикистон мағозаҳои интернетиро андоз мебанданд. Тоҷикистон ният дорад, аз фурӯшгоҳҳои онлайнӣ андоз ва ё молиёт ситонад. Пешниҳоди андозситонӣ аз хариду фурӯши интернетӣ чанд сол матраҳ мешуд, аммо акнун онро қонунӣ карданд. Тафсилотро дар видео бинед. (видео)

- Ҷо Байден кӣ аст?​ (видео аз Директ)

- Дар Қазоқистон ятимон хонаҳои қонунии худро 10 сол аст, ки мунтазир ҳастанд​. (видеои Настоящее время)​

- "Бо пули нафақа зиндагӣ кардан номумкин аст". Дар Қирғизистон нархи маҳсулот боло рафт. (видео)

- Ширкатҳои русӣ коргар меҷӯянд, муҳоҷире нест, кор кунад. Дар Русия ба сабаби ба зодгоҳҳояшон баргаштани муҳоҷирон баъзе ширкатҳо коргар намеёбанд. Намунаашро дар ин видео бубинед (видео)

- Писари "генерал"-ро ба зиндон маҳкум карданд. Додгоҳи шаҳри Душанбе писари Сайид Қиёмиддини Ғозӣ, рӯҳонии шинохта, ки дар зиндон фавтид бо гуноҳи “хиёнат ба давлат” ба 13 соли зиндон маҳкум кард. Саидмуҳаммади 44-соларо ба он айбдор кардаанд, ки солҳои пеш ба манфиати Эрон кор кардааст. Идомаи мавзӯъ дар гузориши Муллораҷаб Юсуфӣ. (видео)

- Чаро қонуни интихоботи пеш аз муҳлат хилофи Конститутсияи Қирғизистон буд? (видео аз Директ)

- Модаре, ки "нони оҳанин" мехӯрд, соҳиби хонаи хусусӣ шуд. Як филми кӯтоҳи Радиои Озодӣ боис шуд, ки гуруҳи хайрхоҳон дар Тоҷикистон пул ҷамъ оварда, ба Маҳбуба Ғаниева як модари танҳо дар шаҳри Кӯлоб туҳфа карданд. Ғаниева пас аз фавти шавҳар бо ду духтари ноболиғаш иҷоранишин буд ва аз роҳи ҷамъоварии оҳанпора ризқи худу духтаронашро пайдо мекард. (видео)

- Қонунӣ ё ғайриқонунӣ? Баҳси замин дар Панҷакент. Ҳукумати шаҳри Панҷакент тасмим дорад, ду иморати навсохти сокинони деҳаи Марғедари ҷамоати Рӯдакиро тахриб кунад ва пешниҳоди додани замини наздиҳавлигӣ ба 22 нафар эҳтиёҷмандро бекор намояд. Ин заминро соли 2018 ба сокинон доданд. Ҳоло чаро онро ғайриқонунӣ меноманд? Дар ин видео бубинед. (видео)

- Наврӯз Ҷаъфаров: Дар як рӯз то чор ҳазор нафарро аз КОВИД-19 ташхис карда метавонем. Арзиши ин навъи ташхис, макони анҷоми он ва тавону шаффофияти озмоишгоҳҳо дар замони пандемия миёни сокинон зиёд шунида мешаванд. Радиои Озодӣ барои посух ба ин ва дигар суолҳо дар робита ба ташхиси КОВИД-19 бо Наврӯз Ҷаъфаров, як масъули Вазорати тандурустӣ суҳбати ихтисоси анҷом дод. (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД.

XS
SM
MD
LG