Ссылки доступа

Ҷамъомади донишҷӯён дар назди ВКХ. Журналистон ба суҳбат даъват шуданд


Ҳудуди 20 тан аз донишҷӯёни тоҷики донишгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ, ки бо сабаби хуруҷи коронавирус имкони берун шудан аз кишварро надоранд, барои кӯмакхоҳӣ назди бинои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҷамъ шудаанд.

Онҳо рӯзи 9‑уми ноябр аз Вазорати корҳои хориҷӣ хостанд, ки барои берун шудан аз кишвар ба хотири идомаи таҳсил ба онҳо кӯмак расонанд.

Чанд тан аз донишҷӯён ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки таҳсили фосилавӣ дар кишвар душвор аст ва мехоҳанд ба Русия раванд.

Ду намояндаи Вазорат бо ин гурӯҳ аз донишҷӯён сӯҳбат карданд ва гуфтанд, бояд мунтазир бимонанд, чун ки Русия ба номаи ҷониби Тоҷикистон барои сафари донишҷӯён посух надодааст.

Намояндагони Вазорат гуфтанд, дар сурати дарёфти посух фавран донишҷӯёнро огоҳ хоҳанд кард.

Ҳангоми бозтоби ин воқеа хабарнигорони Радиои Озодӣ ва Азия-Плюс барои як суҳбат ба дохили ВКХ даъват шуданд. Ба намояндагони ВКХ нохушоянд буд, ки хабарнигорон аз эҳтимоли баргузории таҷаммуи донишҷӯён мақомотро дар ҷараён нагузоштаанд ва дар ҳавелии вазорат, ки ба гуфтаи онҳо "иншооти "режимний" аст, наворбардорӣ кардаанд.

Аз ин пеш, ҷавонони тоҷик, ки барои таҳсил дар донишгоҳҳои кишварҳои хориҷа қабул шуда, бо хуруҷи коронавирус натавонистанд ба дарсҳо ҳозир шаванд, аз шароити анҷоми дарсҳои фосилавӣ дар кишвар, нигаронӣ карда буданд.

Онҳо гуфта буданд, ки суръати пасти интернет, нархи гарони он ва қатъи нерӯи барқ аз монеаҳои аслӣ барои таҳсили фосилавӣ аст. Ҳарчанд мақомот мегӯянд, суръати интернет дар кишвар беҳтар шудааст ва маҳдудияти нерӯи барқ ҳам ҷорӣ нашудааст.

Илҳомҷон Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфта буд, суръати интернет дар муқоиса ба чанд соли пеш беҳтар шудааст. Ба гуфтаи Атоев, “дар бисёр минтақаҳо гузариш аз низоми 3G ба 4G амалӣ шуда истодааст ва сифати интернет хуб шудааст”.

Тибқи иттилои расмӣ, Русия имсол барои довталабони тоҷик 630 бурсия ё квота ҷудо кардааст. Ба иттилои Вазорати маориф, шумораи умумии донишҷӯён дар донишгоҳҳои Русия ҳудуди 26 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Дар маҷмуъ ба иттилои ин ниҳод, шумораи умумии донишҷӯёни тоҷик дар 30 давлати дунё беш аз 34 ҳазор нафарро ташкил медодааст. Ҳамин сол 1800 бурсия барои қабули довталабони тоҷик аз сӯи кишварҳои ҷаҳон ҷудо шудааст.

Панҷ кишвари асосие, ки шумори бештари донишҷӯёни тоҷик дар онҷо таҳсил мекунанд, Русия, Чин, Белорус, Қазоқистон ва Қирғизистон ҳастанд. Дар Чин севуним ҳазор донишҷӯи тоҷик таҳсил мекунанд.

Беш аз ним сол аст, бо далели пешгирӣ аз сирояти коронавирус парвозҳои маъмулӣ байни Тоҷикистон ва дигар кишварҳо қатъ гардидааст. Донишҷӯён мегӯянд, ба дарозо идома ёфтани чунин вазъият, мушкили онҳо низ барои аз худ намудани барномаҳои таълимӣ бештар шудааст.

XS
SM
MD
LG