Ссылки доступа

Дар Қашқадарёи Узбекистон ба ёдгориҳои таърихӣ хатари нобудшавӣ таҳдид мекунад


Ҳафт теппаи қадимӣ дар ноҳияи Яккабоғи вилояти Қашқадарёи Узбекистон, ки мудовим аз сӯи бостоншиносони дунё омухта мешуданд, дар марҳилаи нобудшавӣ қарор доранд.

Сокинони маҳаллӣ рӯи теппаҳо хона сохтаанд.

Соҳибкорон барои хиштрезӣ аз ин теппаҳо хок мегиранд. Дар ҳамин ҳол, вазорти фарҳанги Узбекистон гуфт, "барои ҳифзи теппаҳо" ба Қашқадарё нозир фиристодааст.

Теппаҳои Оқтоштеппа, Сандалтеппа, Хабартеппа, Довзатеппа ва Киндиктеппа ҳамчун ёдгории беназири ҳандасӣ сабт шудааст.

Хабарнигорони маҳаллӣ таҳия кардани хиштро аз хоки теппаҳои мазкур мушоҳида ва навор гирифтаанд.

Мақомоти ноҳияи Яккабоғи Узбекистон гуфтанд, ки на ҳамаи ёдгориҳои таърихӣ, балки қисме аз онҳо барои хиштрезӣ истифода мешаванд.

Дар теппаҳои ноҳияи Яккабоғ ашёҳои марбут ба асри 5 - 6 мелодӣ пайдо шудааст.

XS
SM
MD
LG