Ссылки доступа

Хатмкардаҳои ятимхонаҳои Қазоқистон 10 сол аст, хонаҳои ваъдагиро интизоранд (видео)


Хатмкардаҳои ятимхонаҳои Қазоқистон солҳост, ки дар интизори хонаҳои ваъдагии ҳукумат ҳастанд. Аммо наметавонанд, манзилҳои бар асоси қонун ваъдашударо дарёфт кунанд.

Навбат то он ҳад ба кундӣ пеш меравад, ки бархе аз хатмкардаҳо то 10 сол интизорӣ мекашанд. Дар ҳамин ҳол, мансабдорон дар бораи амалисозии барномаи давлатие хабар медиҳанд, ки бар асоси он теъдоди хонаҳои давлатӣ дар ҳоли афзоиши бо суръат аст.

Сироты в Казахстане ждут законного жилья по 10 лет
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:03:15 0:00

Ҳар боре, ки Людмила Амбросова мехоҳад, дар бораи навбат дар дарёфти манзилҳои давлатӣ суол кунад, ба вай як посух медиҳанд: "Мунтазир шавед". "Мегӯянд, бархеҳо бештар аз 10 сол аст, ки мунтазиранд. Ман мегӯям, ки кӯдаки хурдсол дорам, мегӯянд, ҳама кӯдак дорад", - нақл кард Людмила.

Вай чаҳор аст, ки дар навбати хона аст. Ҳамроҳ бо тифли яксола ва шавҳараш, ки низ хатмкардаи ятимхона аст, дар як манзили хурди иҷора зиндагӣ мекунанд. Аммо ҳар сафари вай ба мақомоти маҳаллӣ барои фаҳмидани расидан ё нарасидани навбаташ дар хонаҳои ваъдагӣ, орзуи ӯро барои соҳиби манзили шахси шудан дуртар мебарад, ки наздик намеорад.

"Равед кор кунад. Ба ман ҳамин хел гуфтанд. Ман гуфтам, ки тифли хурдсол дорам. Гуфтанд, дасту по доред? Кор кунед", - гуфт Людмила.

Чунин сарнавиштҳо дар бунёди ҷамъиятии "ХомӯшНабошЯтим" зиёд аст. Руслан Турисбек, раиси бунёд мегӯянд, хатмкардаҳои ятимхонаҳо солҳо дар навбат меистанд. Бархеҳо ҳатто ба ин орзу намерасанд. Фаъолони бунёди мазкур талош доранд, ки садои онҳо бу гӯши мақомот бирасад.

"Ба мо тавсия доданд, ки аз бонк қарз бигирем. Дар рӯи коғаз, гӯё дар Қазоқистон ҳама шукуфон аст. Аммо дар воқеъ, бачаҳое ҳастанд, ки дар таҳхона хоб мераванд", - гуфт Турисбек.

Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, айни замон бештар аз 500 ҳазор қазоқитонӣ дар навбати хона истодаанд. Аз ин шумор бештар аз 60 ҳазорашон ба категорияи хатмкардаҳои ятимхонаҳо шомил мешаванд.

XS
SM
MD
LG