Ссылки доступа

Дар Узбекистон марде рӯи роҳи оҳан хоб рафта, қатораро боз доштааст


Дар Узбекистон хоб рафтани марде дар рӯи роҳи оҳан боиси 16 дақиқа дер расидани қатораи масири Хива-Тошканд шуд. Дар ин бора Раёсати бехатарии нақлиёти Вазорати умури дохилии Узбекистон иттилоъ дод.

Ба иттилои манбаъ, қатораи навбатдори "Ургенч" Ш.М. соати 18:35-и 8 ноябр ба Идораи пулиси вилояти Хоразм хабар додааст, ки дар 357 километрии масири "Боғот-Ҳазорасп" шахси ношиносе болои роҳи оҳан хоб рафтааст.

Кормандони пулис ба маҳалли ҳодиса рафта, маълум кардаанд, сокини деҳаи "Пичокчӣ"-и ноҳияи Ҳазораспи Хорзм Э.И., соли таваллудаш 1981 дар ҳолати мастӣ дар роҳи оҳан хоб рафтааст.

Қатора соати 18:29 боз истода, соати 18:45 дубора ҳаракат кардааст.

"Тафтиши ҳодиса идома дорад", - гуфтанд дар раёсат.

XS
SM
MD
LG