Ссылки доступа

Ширкати узбекии Enter Engineering баъди бетартибии кормандонаш аз Бангладеш бинокор овард


Ширкати узбекии Enter Engineering, ки қаблан кормандонаш барои пардохт нашудани маош корпартоӣ карда буданд, 8 ноябр тавассути парвози махсус аз Бангладеш ба шаҳри Тошканд 239 корманди хориҷӣ овардааст.

Ба навиштаи нашрияи бангладешии Daily Star, ҷамъан ба Узбекистон тавассути се парвози чартерӣ 888 корманд фиристода хоҳад шуд.

Ин кормандони бангладешӣ ҳафтаи оянда фаъолиятро дар ширкати Enter Engineeringв, ки бо бунёди корхонаи "GTL" дар Узбекистон машғул аст, оғоз мекунанд.

Ба гуфтаи як масъули Enter Engineering, гуруҳи кормандони бангладешӣ ба ноҳияи Гузари Узбекистон интиқол ёфта, як ҳафта дар карантин хоҳанд монд.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи 21 октябри соли равон ҳудуди ҳазор коргари иншооти сохтмонӣ дар ноҳияи Гузори Узбекистон даст ба бетартибӣ задан ва бинои маъмурии корхонаро тахриб карданд.

Бархе аз шоҳидон гуфтанд, барои ором кардани корпартоии коргарон неруҳои махсуси мақомоти қудратии Узбекистон ба корхона фиристода шуданд.

Яке аз коргарон ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, эътироз баъди он сар зад, ки ширкати Enter Engineering шоми 20 октябр коргаронро бо ғизо таъмин накард ва ин боиси шиддат гирифтани эътирози коргарон шуд.

Бархе аз коргарон гуфтанд, ба иловаи пардохт нашудани маоши се моҳа ва таъмин нашудани коргарон бо ғизо, чораҳои карантинӣ ҳам боиси эътирози коргарон шуда буд. Бо баҳонаи чораҳои карантин ба коргарон иҷозат намешуд, ки маҳалли корро тарк кунанд ва ба хонаҳояшон раванд.

XS
SM
MD
LG