Дар минтақаи ҷойгиршавии нерӯҳо техникаи низомӣ ва васоили иртиботӣ ҳам мустақар шудааст.
Шумори умумии нерӯҳои посдори сулҳи Русия дар минтақаи низоъи Қаробоғи Куҳӣ наздики 2 ҳазор низомӣ, 90 зиреҳпӯш, қариб 400 адад мошин ва дигар техникаи махсусро ташкил медиҳад.
Барои назорати созиши қатъи амалиёти ҷангӣ постгоҳҳои назоратии Русия дар хати низои Қарабоғи Куҳӣ ва долони Лочин, ки Арманистону Қарабоғи Куҳиро ба ҳам мепайвандад, ҷойгир мешаванд.
Рӯзи 9 ноябр президентҳои Русияву Озарбойҷон ва сарвазири Арманистон изҳороти муштаракро дар бораи қатъи комили ҷанг дар Қарабоғи Куҳӣ имзо карданд. Озарбойҷону Арманистон дар мавқеъҳои худ боқӣ мемонанд ва неруҳои посдори сулҳи Русия дар минтақа ҷойгир карда мешаванд.