Ссылки доступа

Дар шаҳри Нурсултон писари фаъоли пешини ҷамъиятӣ Давлат Оғодилро куштанд


Дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон шаби 10 ба 11 ноябр Жанболат Оғодили 17-сола - писари марҳум Давлат Оғодил, фаъоли пешини ҷамъиятӣ кушта шуд.

Пулис гуфт, Жанболат дар натиҷаи занозании гуруҳии ҷавонон аз зарби корд кушта шудааст.

Пулис бо моддаҳои "Куштор" ва "Авбошӣ" парванда боз кардааст.

Расонаҳо менависанд, гумонбари ин куштор боздошт шуда, ду тани дигар дар пайгард қарор доранд. Сабабҳои ин занозании ҷавонон ҳанӯз муайян нашудааст.

Давлат Оғодил, фаъоли пешини ҷамъиятӣ моҳи феврали соли ҷорӣ дар боздоштгоҳи шаҳри Нурсултон дар шароити номушахассе фавтид. Вай мебоист, 25 феврал бо вакилони порлумони Аврупо мулоқот мекард. Аммо шаби 24 феврал афроди ношиносе ӯро аз манзилаш бурданд. Субҳи рӯзи дигар хабар расид, ки вай дар боздоштгоҳ фавтидааст.

Ҳомиёни ҳуқуқи қазоқистонӣ марги Давлат Оғодилро "куштори сиёсӣ" унвон карданд. ИМА, Бритониё ва чанд созмони дигари байналхалқӣ аз мақомоти Қазоқистон хостанд, ки сабабҳои марги фаъоли ҷамъиятиро ошкор кунанд. Аммо мақомоти Қазоқистон гуфтанд, Давлат Оғодил дар шароити табиӣ вафот кардааст.

XS
SM
MD
LG