Ссылки доступа

Пойгаи мототсиклронӣ дар Меҳробод баргузор мешавад


Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба пойгаи мотосиклронӣ бахшида ба 29-солагии таъсисёбии Ташкилоти мададгори мудофиаи ҷумҳурӣ рӯзи шанбе, 14-уми ноябр, дар маҳаллаи Меҳрободи ҷамоати Испечаки ноҳияи Рӯдакӣ баргузор мешавад.

Ин мусобиқаро Кумитаи Марказии Ташкилоти мададгори мудофиаи Тоҷикистон доир мекунад.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ аз хадамоти матбуоти Кумитаи Марказии Ташкилоти мададгори мудофиаи Тоҷикистон рӯзи 10-юми ноябр хабар доданд.

Ба иттилои ин манбаъ, дар пойгаи мотосиклронӣ дастаҳо аз шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Турсунзода, Леваканд, Ваҳдат, Кӯлоб, ноҳияҳои Ёвон, Фархор, Восеъ ва Абдураҳмони Ҷомӣ иштирок хоҳанд кард.

Пойга барои фатҳи марра байни мотосиклҳои ҳаҷми муҳаррикашон 125, 250, 350 ва 500 сантиметри мукааб сурат гирифта, варзишгарон бо мотосиклҳои замонавии истеҳсоли ширкатҳои маъруфи "Ҳонда", "Кавасаки", "Судзуки" ва "Ямаҳа" рақобат хоҳанд кард.

Бояд гуфт, ки ҳамасола дар машқгоҳҳои Ташкилоти мададгори мудофиаи Тоҷикистон, ки дар ноҳияи Рӯдакӣ ва шаҳри Леваканди вилояти Хатлон ҷойгиранд, мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ оид ба пойгаи мотосиклронӣ доир карда мешаванд ва сол то сол теъдоди дастаҳои ширкаткунанда афзоиш меёбад.

Мусобиқа бо риояи меъёрҳои беҳдоштӣ сурат мегирад. Fолибон аз рӯи ҳисоби дастаӣ ва инфиродӣ бо ҷом, медалу диплом ва тӯҳфаҳои қиматбаҳо қадрдонӣ мешаванд.

XS
SM
MD
LG