Ссылки доступа

Дар Қирғизистон шарти вуруд ба порлумонро касби 3 дарсади раъй таъйин карданд


Содир Ҷабборов, иҷрокунандаи вазифаҳои президенти Қирғизистон ва сарвазири он кишвар қонун "Дар бораи тағйирот ба интихоботи президентӣ ва порлумонии Қирғизистон"-ро имзо кард.

Ин қонун рӯзи 22 октябри соли ҷорӣ аз сӯи порлумон қабул шуда буд.

Тибқи тағйироти қабулшуда:

- дархости тағйири макони интихоботии шаҳрвандон бекор карда мешавад. Танҳо интихоботкунандагоне метавонанд, тағйири макон кунанд, ки дар хориҷ қарор доранд ва ё аз хориҷ омадаанд;

- гарави интихоботӣ ба номзадҳо ба мақоми президентӣ, ҳизбҳои сиёсие баргардонида мешавад, ки дар дар интихобот на камтар аз 1 дарсади раъйи мардумро соҳиб шудаанд (пештар ин меъёр 5 дарсад буд);

- ҳаҷми гарави интихоботӣ барои ҳизбҳои сиёсӣ аз 5 млн сом ба 1 млн сом пойин оварда шуд;

- шарти вуруд ба порлумон аз 7 дарсади пешин ба касби 3 дарсади раъйи мардум пойин оварда шуд.

Интихоботи навбатии порлумони Қирғизистон рӯзи 4 октябр баргузор, аммо натиҷаҳои он боиси норозигии сокинон шуд. Дар натиҷа мардум рӯзи 5 октябр ба кӯча баромаданд ва талаб карданд, ки натиҷаҳои он бекор шавад. Комисияи марказии интихоботии он кишвар рӯзи 6 октябр натиҷаҳои интихоботро бекор кард.

XS
SM
MD
LG