Ссылки доступа

Маркази кӯмаки ҳуқуқӣ дар Москва рӯзона то 250 занги муҳоҷиронро қабул мекунад (видео)


Федератсияи муҳоҷирони Русия дар шаҳри Москва маркази кӯмаки ройгони ҳуқуқӣ таъсис дод. Ин марказ ба муҳоҷироне кӯмак мерасонад, ки мушкили ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатӣ доранд.

Дар камтар аз як сол маркази ҳуқуқӣ ба бештар аз 10 ҳазор муҳоҷир аз кишварҳои Осиёи Марказӣ тариқи телефон кӯмак расонидааст. Аммо ниёзмандони кӯмак махсусан дар замони вабои коронавирус хеле зиёданд.

Как в Москве работает бесплатный центр юридической помощи трудовым мигрантам
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:36 0:00

Давронбек Ботиров - муҳоҷире, ки дар Москва зиндагӣ мекунад, яке аз муштариҳои доимии маркази кӯмаки ҳуқуқӣ аст. Яке аз додгоҳҳои Москва чанде пеш барои гӯиё вайрон кардани тартиботи маъмурӣ қарори ихроҷи ӯро аз Русия содир кард. Аммо ин муҳоҷир ба маркази кӯмаки ҳуқуқӣ муроҷиат кард ва бо кӯмаки марказ қарори ихроҷи вай бекор шуд.

"Когда я приехала в Петербург, я русского не знала": как в России помогают детям мигрантов
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:43 0:00

Сулиҳа Аҳмадова, як корманди ин марказ мегӯяд, дар рӯзи марказ на камтар аз 250 занг қабул мекунад. Ба гуфтаи вай, муҳоҷирон бештар аз иҷозатномаи кор, тартиби ба даст овардани он, сабти ном дар идораи муҳоҷират пурсон мешаванд.

Фаъолияти ин марказ аз 1 ноябр густариш ёфта, барои 14 моҳи оянда тамдид гардидааст.

Правозащитники учат мигрантов из Азии общаться с российской полицией
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:03:39 0:00

XS
SM
MD
LG