Ссылки доступа

Пулиси Қазоқистон дар робита ба куштори Жанболат Оғодил се касро боздошт кардааст


Вазорати умури дохилии Қазоқистон хабар дод, ки гумонбар дар куштори Жанболат Оғодили 17-сола - писари марҳум Давлат Оғодил, фаъоли пешини ҷамъиятӣ боздошт шудааст.

Пулис гуфт, Жанболат шаби 11 ноябр дар минтақаи Коктал дар натиҷаи занозании гуруҳии ҷавонон аз зарби корд кушта шудааст.

Сардори департаменти тафтишотии Вазорати умури дохилии Қазоқистон Санҷар Одилов 12 ноябр гуфт, он шаб занозанӣ миёни кормандони як ширкат ва ҷавонон аз маҳаллаи Талапкери ноҳияи Селиногради вилояти Акмолин рух додааст.

Ба гуфтаи ӯ, 20 ҷавон аз Талапкер, аз ҷумла Оғодил барои "суҳбат" бо кормандони ширкат ба маҳали зисти онҳо ба Селиноград рафтаанд. Миёни ин ду гуруҳ 6 ноябр баҳси лафзӣ сар зада, шаби 11 ноябр ба занозанӣ анҷомидааст. Оғодил низ дар ин занозанӣ "иштирок карда, дар натиҷа захми корд бардоштааст".

Дар робита ба ин ҳодиса бо моддаҳои "Куштор" ва "Авбошӣ" парванда боз кардааст.​ Се иштирокчии занозанӣ бо шумули гумонбар дар қатли Оғодилов боздошт ва ба ҳабси пешакӣ гирифта шудаанд.

Жанболат Оғодил, писари Давлат Оғодил, фаъоли пешини ҷамъиятӣ аст, ки моҳи феврали соли ҷорӣ дар боздоштгоҳи шаҳри Нурсултон дар шароити номушахассе фавтид. Вай мебоист, 25 феврал бо вакилони порлумони Аврупо мулоқот мекард. Аммо шаби 24 феврал афроди ношиносе ӯро аз манзилаш бурданд. Субҳи рӯзи дигар хабар расид, ки вай дар боздоштгоҳ фавтидааст.

Ҳомиёни ҳуқуқи қазоқистонӣ марги Давлат Оғодилро "куштори сиёсӣ" унвон карданд. ИМА, Бритониё ва чанд созмони дигари байналхалқӣ аз мақомоти Қазоқистон хостанд, ки сабабҳои марги фаъоли ҷамъиятиро ошкор кунанд. Аммо мақомоти Қазоқистон гуфтанд, Давлат Оғодил дар шароити табиӣ вафот кардааст.

XS
SM
MD
LG