Ссылки доступа

ВКД Узбекистон хабари худкушии Гулнора Каримоваро рад кард


Муовини сардори Раёсати пешгирӣ аз ҷинояткории Вазорати умури дохилии Узбекистон Умеда Абдуллоева гуфт, хабари бад шудани вазъи сиҳатии Гулнора Каримова, духтари президенти нахустини ин кишвар Ислом Каримов дар зиндони Зангиота асос надорад.

Ин нуктаро Абдуллоева 12 ноябр дар нишасти хабарии Комиссия оид ба таъмини баробарии ҷинсӣ дар Узбекистон баён кард.

Раиси Сенати Узбекистон Танзила Норбоева низ дар нишасти хабарии 12 ноябр дар Тошканд хабари мубталошавии Гулнора Каримома ба коронавирус, бад шудани вазъи сиҳатии ӯ ва дудкушияшро "овоза" номид. Хабари худкушии Каримоваро Абдуллоева низ рад кард.

"Гуфтугӯҳо дар бораи худкушӣ асос надорад. Гулнора Каримова муҳлати ҷазоеро дар зиндон адо мекунад, ки додгоҳ муайян кардааст", - изҳор дошт намояндаи Вазорати умури дохилии Узбекистон.

Имон Каримова, духтари Гулнора Каримова охирҳои моҳи октябри соли равон дар шабакаи иҷтимоии Инстаграм навишт, ки вазъи сиҳатии модараш дар зиндон бад шудааст ва ба ӯ кумаки лозимии тиббӣ расонида намешавад. "Ба ӯ кумаки тиббӣ намерасонанд ва барои супоридани санҷиши коронавирус ҳам иҷозат намедиҳанд. Ҳамчунин интиқоли дастгоҳу дору барои табобаташ манъ аст", - навиштааст Имон.

"Ин талоши ошкорои президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев барои раҳо шудан аз ҳарифи сиёсӣ ва духтари ҳамтои пешини худ аст", - афзудааст набераи Ислом Каримов.

Додгоҳи шаҳри Тошканд Каримоваро бо айбҳои фасодкорӣ, саркашӣ аз пардохти андоз ва қаллобӣ 13,4 сол зиндонӣ кардааст. Нисбати Каримова ҳамзамон дар чанде аз кишварҳои дигар, аз ҷумла ИМА, Швейтсария, Шветсия, Ҳолланд ва Фаронса парванда боз ва амволи ғайриманқули вай, ки садҳо миллион доллар арзиш дорад, ҳабс шудааст.

XS
SM
MD
LG