Ссылки доступа

CISA дар интихоботи ИМА қонуншиканиеро пайдо накардааст


Сторонники действующего президента США Дональда Трампа
Сторонники действующего президента США Дональда Трампа

Мақомҳои баландпояи ниҳоди федеролӣ, масъули таъмини амният дар интихоботҳои президентии ИМА гуфтанд, далелеро пайдо накарданд, ки дасткории овозҳо дар интихоботи ахирро ба ҷонибдории яке аз номзадҳо тасдиқ кунад.

Ба иттилои "Садои Амрико", онҳо иддаои президент Доналд Трамп ва ҷумҳурихоҳони Амрикоро, ки мегӯянд, номзади демократҳо Ҷо Байден дар натиҷаи тақаллубкорӣ ва дасткории овозҳо барандаи интихоботи ахири президентии ИМА эълом шудааст, рад карданд.

"Интихоботи баргузоршуда дар 3 ноябри соли 2020 амнтарин интихобот дар таърихи Амрико аст", - омадааст дар изҳороти Оҷонси амнияти зербиноӣ ва компютерӣ (CISA), ки масъули таъмини амният дар интихоботҳои президентии ИМА аст. Зери ин изҳорот ҳамчунин раҳбарияти Анҷумани миллии раисони комиссияҳои интихоботӣ дар иёлатҳо ва як қатор ширкатҳое, ки дастгоҳҳои технологиро барои ҳисоби овозҳо ироа мекунанд, имзо гузоштаанд.

"Далеле нест, ки исбот кунад, кадом як низоми овоздиҳие пок гаштааст, овозе тағйир ёфтааст ё беэътибор дониста шудааст", - гуфта мешавад дар изҳороти оҷонс.

Ин дар ҳолест, ки Трамп ва тими ӯ иддао доранд, дар интихоботи президентии 3 ноябр тақаллуб сурат гирифтааст. Ба иддаои онҳо, ширкати истеҳсолкунандаи дастгоҳҳо барои раъйдиҳӣ 2,7 миллион овози ҷонибдори Трампро дар саросари ИМА "пок" ва ҳазорҳо раъйро ба рақиби ӯ Ҷо Байден додааст.

Интихоботи навбатии президентии ИМА 3 ноябр баргузор шуда, дар он номзади демократҳо Ҷо Байден баранда эълом гашт.

XS
SM
MD
LG