Ссылки доступа

Фаъоли қирғиз бештар аз 14 соат бе танаффус манасхонӣ кард


Давлат Сиддиқов, як фаъоли қирғизистонӣ рӯз 12 ноябр 14 соату 27 дақиқа бидуни танаффус достонҳои "Манас"-ро қироат кард.

Вай субҳ ба қироати достон шуруъ ва шом онро хатм кард. Ҳадафи Сиддиқов шомил шудан ба китоби рекордҳои Гиннес аст.

Сиддиқ ҳангоми қироати "Манас" дар юртаи шишаие менишаст, ки дар майдони марказии шаҳри Бишкек гузошта шуда буд.

Рӯзи ҷаҳонии рекордҳои Гиннес ҳамасола дар панҷшанбеи севуми моҳи ноябр таҷлил мешавад. Пизишки ҷарроҳ Мамбет Мамакеев аз Қирғизистон дар китоби рекордҳои Гиннес шомил шудааст. Ба ҷуз ин, дар соли 2018 бешбармаке, ки дар Қирғизистон бо вазни 1,5 тона омода шуда буд, вориди китоби рекордҳои Гиннес гардид.

XS
SM
MD
LG