Ссылки доступа

Тазоҳуроти сокинони Алмато барои гиромӣ доштани хотираи Жанболат Оғодили 17-сола


Ҳудуди 200 шаҳрванди Қазоқистон субҳи 13 ноябр дар деҳаи Талапкер, наздикиҳои шаҳри Нурсултон барои видоъ бо Жанболат Оғодили 17-сола - писари кушташудаи марҳум Давлат Оғодил, фаъоли пешини ҷамъиятӣ ҷамъ омаданд.

Жанболат шаби 11 ноябр дар минтақаи Коктал кушта шуд. Пулис гуфт, ӯ дар натиҷаи занозании гуруҳии ҷавонон аз зарби корд кушта шудааст. Ба гуфтаи наздикони Оғодил, ҷавон чанд захми корд бардоштааст.

Сиёсатмадор Балташ Турсумбоев, ки дар маросими мазкур дар Талапкер ҳузур дошт, гуфт, "мардуми Қазоқистон фарзандони худро, ки ватану сарзамини хешро дуст медоранд, аз даст медиҳад. Сабаби ин ҳама амиқ аст. Сабаб амали қудратдуздони оғушта ба хун аст".

Ҷасади Оғодилро дар қабристоне дар наздикии Талапкер, дар канори қабри падараш ба хок супурданд.

Дар шаҳри Алмато низ ба хотири гиромӣ доштани хотираи Оғодил тазоҳуроти кучаке баргузор шуд. Як гуруҳи сокинон мақомоти маҳаллиро аз баргузории ҳамоиш дар соатҳои аз 11 то 12 нисфирӯзии 13 ноябр пештар огаҳ карда буданд, вале намояндаи Идораи рушди ҷомеаи шаҳр Айдар Сесенбеков ба маҳалли тазоҳурот ҳозир шуда, ба иштирокдорон гуфт, он "ғайриқонунӣ" аст. Дертар намояндагони додситонии шаҳр низ ҷамъшудаҳоро ҳушдор доданд, ки дар сурати пароканда нашудан дастгир хоҳанд шуд.

Дар робита ба куштори Оғодил бо моддаҳои "Куштор" ва "Авбошӣ" парванда боз кардааст.​ Се иштирокчии занозанӣ бо шумули гумонбар дар қатли Оғодил боздошт ва ба ҳабси пешакӣ гирифта шудаанд.

Жанболат Оғодил, писари Давлат Оғодил, фаъоли пешини ҷамъиятӣ аст, ки моҳи феврали соли ҷорӣ дар боздоштгоҳи шаҳри Нурсултон дар шароити номушахассе фавтид. Вай мебоист, 25 феврал бо вакилони порлумони Аврупо мулоқот мекард. Аммо шаби 24 феврал афроди ношиносе ӯро аз манзилаш бурданд. Субҳи рӯзи дигар хабар расид, ки вай дар боздоштгоҳ фавтидааст.

Ҳомиёни ҳуқуқи қазоқистонӣ марги Давлат Оғодилро "куштори сиёсӣ" унвон карданд. ИМА, Бритониё ва чанд созмони дигари байналхалқӣ аз мақомоти Қазоқистон хостанд, ки сабабҳои марги фаъоли ҷамъиятиро ошкор кунанд. Аммо мақомоти Қазоқистон гуфтанд, Давлат Оғодил дар шароити табиӣ вафот кардааст.

XS
SM
MD
LG