Ссылки доступа

Тазоҳургарони Алмато ба таҳрими интихоботи порлумонии Қазоқистон даъват карданд


Дар шаҳри Алмато 14 ноябр садҳо нафар дар майдони назди Академияи улуми миллии Қазоқистон ҳамоиши эътирозиеро баргузор карданд, ки мақомот иҷозат дода буданд. Таҷаммуъ дувуним соат идома ёфт.

Созмондиҳандаи таҷаммуъ Ҷонболат Мамай, фаъоли маданӣ ва ташаббускори гуруҳи таъсиси Ҳизби демократӣ дар Қазоқистон дар оғоз номи онҳоеро қироат кард, ки ба таври асроромез ҷон бохтаанд.

Мамай дар суханронии худ ба зарурати ислоҳоти сиёсӣ таъкид кард. Дар сурати ғайр ба гуфтаи ӯ, президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ва президенти нахустину раиси Шӯрои амнияти миллии ин кишвар Нурсултон Назарбоев бояд ба истеъфо раванд.

Мамай ва ҷонибдоронаш ҳамчунин ба таҳрими интихоботи порлумоние даъват карданд, ки қарор аст 10 январи соли оянда дар Қазоқистон баргузор шавад. Дар баробари таҳрими интихобот раҳоии маҳбусони сиёсӣ дар он кишвар низ талаб карда шуд. Дар дасти эътирозгарон акси бархе аз маҳбусон дида мешуд.

Созмондиҳандагони ҳамоиши эътирозӣ иҷора надодани замин ба хориҷиҳо ва афви қарзиро талаб карданд. Дар тазоҳурот ҳудуди 500 кас иштирок доштанд.

Санаи интихоботи порлумонии Қазоқистон 10 январи соли 2021 муайян шудааст.

XS
SM
MD
LG