Ссылки доступа

Беморони қанд дар Тоҷикистон чӣ ҳол доранд? (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Беморони қанд дар Тоҷикистон чӣ ҳол доранд? Дар як соли охир шумори расмии гирифторони бемории диабети қанд дар Тоҷикистон ду ҳазор нафар афзудааст. Мақомот мегӯянд, дар умум 48 ҳазор нафар аз бемории қанд ранҷ мекашанд. Ба бовари мутахассисон, теъдоди воқеии гирифторони ин беморӣ дар кишвар бамаротиб бештар аз омори расмӣ аст. (видео)

- Барномаи офаридаи Рустамро дар 120 кишвар истифода мебаранд. Рустамҷон Қурбонов, як барномасози тоҷик мегӯяд, нармафзорҳои телефоние, ки офаридааст, дар даҳҳо кишвар истифода мебаранд.

- "Мудири мактаб хонаву мактабро оташ зада, рафт". Посдорони сулҳи Русия ба ноҳияи Калбаҷар дар Қаробоғи куҳӣ омаданд, ки Арманистон ба Озарбойҷон месупорад. Онҳо рузи 13-уми ноябр дар наздикии яке аз калисоҳои қадимаи Калбаҷар мустақар шуданд. Баъзе аз мардуми рустои инҷо хонаҳояшонро оташ зада аз ин ҷо мераванд. (видео)

- Ҷабборов фардо истеъфо медиҳад ва расман довталаби курсии президентӣ дар Қирғизистон мешавад. (видео аз Директ)​

- Тағйири қурби танга аз соли 1993 ба ин сӯ. (инфографика)

- Лойоба: зиндагӣ дар яке аз зеботарин деҳаи Тоҷикистон. (видео)​

- Сомонии заиф қудрати харидории мардумро поин бурд (видео)

- Блогер Ойгул Утеповаро ба бемористони касалиҳои руҳӣ мефиристанд. (видео аз Қазоқистон)​

- Русия ба муҳоҷир ниёз дорад, вале саҳмияи кори муваққат дар ин кишварро коҳиш дод. (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД.

XS
SM
MD
LG