Ссылки доступа

Яке аз пайвандонаш гуфт, Эшони Сироҷиддинро маъмурони интизомӣ "бурдаанд"


Яке аз пайвандони Эшони Сироҷиддин (Сироҷиддин Абдураҳмонов), рӯҳонии шинохтаи тоҷик гуфт, ки ӯро рӯзи 12-уми ноябр намояндагони мақомоти интизомӣ аз хонааш дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе "бо худ бурдаанд".

Вай бо шарти фош нашудани номаш рӯзи 13-уми ноябр гуфт, "китоб ва компютерашро низ гирифтанд".

Сабаби боздошти рӯҳонии тоҷик маълум нест. Намояндагони Раёсати корҳои дохилии пойтахт рӯзи 13-уми ноябр дар бораи дастгир шудани Эшони Сироҷиддин изҳори бехабарӣ карданд. Як намояндаи раёсат гуфт, "мумкин аст, амалиётро кормандони умури дохилии ноҳияи Синои пойтахт анҷом дода бошанд".

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои дарёфтӣ, намояндагони мақомот чанд шогирди Эшони Сироҷиддинро низ "бурдаанд." Мақомот ҳанӯз ин хабарро тасдиқ ё рад накарданд.

Эшони Сироҷиддин бори аввал соли 2009 бо гуноҳи пайравӣ аз ҷараёни дар Тоҷикистон мамнӯи “Салафия” дастгир ва дар моҳи январи соли 2010 ба ҳафт сол зиндон маҳкум шуд. Ӯро соли 2013 бар асоси қонуни афв озод карданд ва баъд аз он ба ситоиш аз ҳукумат ва сиёсатҳои он пардохт.

Вай аз ҷумла дар як муроҷиатнома аз боло бурдани қимати истифода аз Интернет дар Тоҷикистон пуштибонӣ кард ва гуфт, мардум вақти худро дар ин шабака “зоеъ накунанд." Худи ӯ тайи моҳҳои охир ҳангоми посух гуфтан ба суолҳои динии сокинон дар Ютуб зоҳир мешуд.

XS
SM
MD
LG