Ссылки доступа

Раиси порлумони Қирғизистон ба иҷрои вазифаҳои президент шуруъ кард (видео)


Талант Мамитов, раиси порлумони Қирғизистон ба иҷрои вазифаҳои президент шуруъ ва ҳамзамон ба сокинон паём фиристод.

Содир Ҷабборов, сарвазири Қирғизистон, ки иҷрокунандаи вазифаҳои президенти он кишвар низ буд, барои ширкат дар интихоботи президентӣ аз мақоми иҷрокунандаи вазифаҳои президент даст кашид. Бино ба қонунгузории он кишвар дар чунин ҳолат, вазифаи президент ба дӯши раиси порлумон гузошта мешавад.

Мамитов дар паёмаш гуфт, ки "бо фасодкорӣ мубориза мебарад ва соҳибкории хурду миёнаро муҳофизат мекунаду тақвият мебахшад".

Мамитов ҳамзамон ёдовар шуд, ки "бино ба талаби мардум, ислоҳоти Конститутсия сурат мегирад" ва вазифаи асоси дар айни замон "баргузории интихоботи озод ва қонунии президентӣ аст, ки 10 январи соли 2021 таъйин шудааст".

Дар Қирғзистон баъди интихоботи порлумонии 4 октябр, ки натиҷаҳои он норозигии мардумро ба бор овард, буҳрони сиёсие сар зад. Комисияи марказии интихоботӣ натиҷаҳои интихоботро бекор ва президент Сооронбой Ҷеенбеков 15 октябр ба истеъфо рафт.

Дар натиҷа Содир Ҷабборов, ки шаби 5 ба 6 октябр аз зиндон озод шуда буд, сарвазир ва иҷрокунандаи вазифаҳои президенти Қирғизистон таъйин шуд.

Интихоботи президентӣ дар Қирғизистон 10 январ таъйин шудааст. Бино ба иттилои Комисияи интихоботӣ, барои ширкат дар интихобот 63 кас ҳуҷҷат супоридааст.

XS
SM
MD
LG