Ссылки доступа

Президенти Туркия пешниҳод кад, Қибрис ба ду давлат ҷудо шавад


Раҷаб Эрдуғон, президенти Туркия рӯзи якшанбе ба давлати худхондаи Қибрис (Кипр)-и Шимолӣ рафт ва дар як суханрониаш гуфт, ки аз ҷомеаи ҷаҳонӣ мехоҳад, расман Қибрисро ду давлати алоҳида эътироф кунад.

"Дар Қибрис ду миллат зиндагӣ мекунад ва ду давлати алоҳида вуҷуд дорад. Бояд гуфтугӯҳоеро ба роҳ монд, ки дар натиҷа ду давлати алоҳида ба вуҷуд ояд", - афзуд Эрдуғон.

Давлати туркии Қибриси Шимолӣ соли 1983 даъвои истиқлол кард. Пештар аз он артиши Туркия Қибриси Шимолиро - бо ҳадафи ғасб нашудан аз сӯи Қибриси Юнон - ишғол кард. Қибриси Шимолӣ танҳо аз сӯи Туркия ҳамчун давлати мустақил эътироф шудааст.

Намояндагони ҷамъиятии ду Қибрис бо ҳадафи муттаҳид шудан борҳо гуфтугӯ карданд, аммо ба натиҷае нарасиданд. Эрсин Тартар, роҳбари кунунии Қибриси Шимолӣ, ки туркгаро аст, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ талаб дорад, ки истиқлоли Қибриси Шимолиро эътироф кунанд.

XS
SM
MD
LG