Ссылки доступа

Мақомоти Қирғизистон дар бораи як ҳодисаи ғайриқонунӣ ба хориҷ бурдани маблағ хабар доданд


Хадамоти давлатии мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии Қирғизистон (пулиси молӣ) гуруҳи ҷиноиеро пайдо кард, ки ғайриқонунӣ ба ирсоли маблағи нақд ба хориҷ машғул будааст.

Ба иттилои ниҳоди мазкур, ин гуруҳ 23 млн долларро ба хориҷ бурдааст.

Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, рӯзи 12 ноябр бо гумони содир кардани ҷиноят шаҳрванд Т.М. боздошт шуд. Айни замон вай дар ҳабс аст.

Дар оғози моҳи ноябр пулиси молии Қирғизистон аз боздошти аъзои гуруҳе хабар дод, ки маблағҳои нақдро ба хориҷ мебурдаанд. Пулиси молии он кишвар гуфт, гуруҳи мазкур ғайриқонунӣ бештар аз 180 млн долларро аз Қирғизистон ба Чин бурдааст.

XS
SM
MD
LG