Ссылки доступа

Узбекистон ба Қирғизистон кӯмаки башарӣ ирсол кард


Кӯмаки башарии Узбекистон ба шаҳри Бишкеки Қирғизистон расид. Дар ин бора аз маркази матбуотии ҳукумати Қирғизистон хабар доданд.

Гуфта мешавад, ин кӯмаки башарӣ дар пайи созиши президентҳои ду кишвар ирсол шудааст. Кӯмаки башарӣ аз дору, дастгоҳҳои ташхиси коронавирус, либосҳои муҳофизатӣ, ниқоб ва сӯзандорӯ иборат аст.

"Ин нахустин кӯмаки башарӣ нест, ки Узбекистон ба Қирғизистон мефиристад. Кӯмаки Узбекистон бисёр саривақтӣ аст", - гуфт Элвира Сурабалдиева, ноиб-сарвазири Қирғизистон.

Ахиран ҳукумати Русия ҳам ба Қирғизистон барои мубориза бо коронавирус кӯмак ирсол кард.

Дар Қирғизистон аз оғози моҳи октябр ба ин тараф афзоиши гирифторӣ ба вабои коронавирус мушоҳида мешавад. Ҳукумати Қирғизистон дар пасманзари камбуди буҷа аз кишварҳои шарикаш дархости кӯмаки молӣ кард.

XS
SM
MD
LG