Ссылки доступа

Вазорати фарҳанги Узбекистон хабари бунёди маҷмааи зистро дар боғи ба номи "Ғафур Ғулом" рад кард


Парк культуры и отдыха имени Гафура Гуляма в Ташкенте.

Дар Вазорати фарҳанги Узбекистон хабари бунёди маҷмааи истиқоматӣ ба ҷои боғи ба номи Ғафур Ғуломи ноҳияи Чилонзори шаҳри Тошкандро рад карданд.

Ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабарҳое паҳн шуд, ки гӯиё боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Ғафур Ғуломро тахриб ва ба ҷояш маҷмааи зист бунёд мекунанд. Ин хабар нигарониҳои сахтеро дар ҷомеаи Узбекистон ба бор овард.

"Ин хабар асос надорад. Дар ҳақиқат дар ҳудуди боғ корҳои сохтмонӣ оғоз шуданд, вале онҷо маҷмааи зист бунёд намешавад. Тибқи лоиҳа низ дар ҳудуди боғ биноҳои зист бунёд намегардад", - гуфтанд дар вазорат.

Боғи Ғафур Ғулом, ки дар майдони 14 га ҷойгир аст, ба ширкати сингапурии BMP Smart Decision Private Limited дода шудааст.

Соҳиби нави боғ моликони ошхонаву тарабхонаҳои ҳудуди боғро огоҳ кардааст, ки амлоки худро давоми даҳ рӯз бардоранд, дар ғайри сурат "тахриб карда хоҳанд шуд".

Боғи ба номи Ғафур Ғулом соли 1934 дар шаҳри Тошканд асос гузошта шуд.

Мақомоти шаҳри Тошканд боғи мазкурро соли гузашти барои 49 сол ба ширкати сингапурӣ додаанд ва ширкат дар навбати худ вазифадор шудааст, ки ба боғ 10 миллион доллар сармоягузорӣ кунад. Соҳибкорон аз додани ин боғ ба ширкати хориҷӣ эътироз карданд.

XS
SM
MD
LG