Ссылки доступа

Дар Қазоқистон корхонаи истеҳсоли воксинаи русиро сохтанианд


Президенти Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев 16 ноябр хабар дод, ки мехоҳанд дар ин кишвар корхонаи истеҳсоли воксинаи русии зидди коронавирусро бунёд кунанд.

Ба огаҳии сомонаи расмии президенти Қазоқистон, Тоқаев дар ҷаласаи бахшида ба мубориза бо коронавирус дар ин кишвар изҳор доштааст, "бо президенти Русия дар бораи бунёди корхонаи истеҳсоли воксинаи русии зидди коронавирус созиш кардем. Ҳукумат аллакай гуфтугӯҳо роҷеъ ба ҷалби сармояро ба ин ниҳод оғоз кардааст".

Ба гуфтаи Тоқаев, тартиби қайди муваққатро бояд дар Қазоқистон сода карда, бунёди корхонаро барои истеҳсоли воксина ба поён расонд.

Анқара ва Москва роҷех ба интиқоли воксинаи русии зидди коронавирус - Sputnik V ба Қазоқистон созиш карда буданд. Бунёди сармояҳои бевоситаи Русия баъди гузаштани ҳамаи марҳилаҳои санҷиш бояд ҳаҷми воксинаро барои интиқол ба Қазоқистон ҷудо мекард.

Нахустин бастаи воксинаи зидди коронавирус - "Спутник V" мавриди истифодаи умум қарор дода шудааст. Вале мудири Пажӯҳишгоҳи Гамалей Александр Гинстбург гуфт, санҷиши вируси бархе аз ихтиёриёне, ки дар марҳалаи озмоиши воксинаи мазкури русӣ иштирок карда буданд, мусбат баромадааст.

XS
SM
MD
LG