Ссылки доступа

HRW: "Аврупо бояд аз Осиёи Марказӣ ростқавлӣ талаб кунад"


Дидбони Ҳуқуқи Башар, як созмони муътабари ҳомии ҳуқуқи инсон аз Иттиҳоди Аврупо даъват кард, ба кишварҳои Осиёи Марказӣ бигӯяд, кӯмакҳои бештар ба минтақа дар ивази ислоҳоти воқеии ҳуқуқи инсон расонида мешаванд.

Созмон, ки дар Ню Йорк қароргоҳ дорад, рӯзи 16-уми ноябр дар ин бора баёнияе нашр кард ва дар замоне, ки Ҷузеп Боррел, масъули умури хориҷии Иттиҳодияи Аврупо барои мулоқоти онлайнӣ бо вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ омода мешавад.

Қарор аст, мулоқоти 16-уми Иттиҳоди Аврупо ва вазирони кишварҳои Осиёи Марказӣ рӯзи 17-уми ноябр сурат бигирад. Ҳю Вилямсон, мудири дафтари Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар дар ин баёния гуфтааст, вокуниши кишварҳои минтақа ба талотумҳои сиёсӣ дар Қирғизистон, ва ё мушкилоти офаридаи пандемияи коронавирус “бештар самар медод, агар онҳо ба аҳди худ барои мурооти ҳуқуқи инсон вафо мекарданд.”

Дар баёния омадааст, ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ бо баҳонаи монеъ шудан ба густариши коронавирус дастрасӣ ба иттилоот ва озодии баёнро маҳдуд кардаанд. Аз тарафи дигар мушкилоти иқтисодӣ ва нобаробарӣ дар натиҷаи пандемия дар минтақа зиёдтар шудааст.

Дар бораи Тоҷикистон Дидбони Ҳуқуқи Башар гуфтааст, бештар аз 150 мухолифони давлат, мунтақидон ва вакилони дифои онҳо, ки бо иттиҳомоти дорои ангезаҳои сиёсӣ ҷазо гирифтаанд, дар зиндон мемонанд. Айни замон вазъи зиндонҳо “ваҳшатнок” аст ва фаъолон аз “шиканҷаву бадрафтории густурда” дар ин муассисаҳо гузориш медиҳанд. Ба гуфтаи созмон, ба мухолифони давлати Тоҷикистон дар хориҷ ҳамла сурат мегирад, онҳоро бо дархости ҳукумат истирдод мекунанд ва хешовандони ин афродро дар дохил озор медиҳанду дастгир мекунанд.

Иттиҳоди Аврупо соли 2019 стратегия нав барои Осиёи Марказиро қабул кард, ки дар он волоияти қонун, посухгуии мақомот дар назди мардум авлавият дорад.

XS
SM
MD
LG