Ссылки доступа

Пажӯҳиш: Тоҷикистон "шукуфотар" шудааст. Коршинос: "Воқеият дигар аст"


Legatum Institute- як пажуҳишгоҳи байналмилалӣ мақараш дар Лондон дар гузориши тозаи худ гуфтааст, Тоҷикистон дар 10 соли охир шукуфотар шудааст. Аммо коршиносон мегӯянд, гузоришҳои бархе аз чунин пажӯҳишгоҳҳо бар пояи оморӣ расмӣ таҳия шуд, бозгӯи воқеият нест.

Дар раддабандии нави "Шохиси шукофоии Legatum" дар ҷаҳон, ки рӯзи 16-уми ноябр нашр шуд, ин пажуҳишгоҳ Тоҷикистонро дар мақоми 112-ум қарор додааст, ки нисбат ба 10 соли қабл 8 зина болотар аст. Дар ин ҷадвал 180 кишвар шомил шудаанд.

Коршинсони мустақил мегӯянд, ин гуна раддабандиҳои созмонҳои байналмилалӣ бар асоси омори расмӣ, ки мақомоти Тоҷикистон нашр мекунанд, таҳия мешавад ва аз ин рӯ воқеияти кишварро баён намекунанд.

Фредерика Арровсвитз, масъули бахши робита бо расонаҳо дар Legatum Institute рӯзи 16-уми ноябр дар як тамоси катбӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, раддабандӣ бар асоси 12 нишондод таҳия шудааст ва муҳаққиқон мизони шукуфоӣ ва ё пешрафти кишварҳоро баҳогузорӣ кардаанд.

Пажӯҳишгарон ин марказ аз рӯи ин нишондодҳо шукуфоии ҷомеаҳоро дар даҳсолаи охир баҳогузорӣ карданд: бехатарӣ& амният, озодии шахсӣ, ҳукуматдорӣ, сармояи иҷтимоӣ, фазои сармоягузорӣ, шароити соҳибкорӣ, дастрасӣ ба бозор&зербиноҳо, сифати иқтисод, шароити зист, тандурустӣ, маориф ва муҳити атроф.

Беш аз ҳама ба навиштаи муаллифон, Тоҷикистон аз нигоҳи рушди "Сармояи инсонӣ" пешрафт кардааст. Дар шарҳи ин муаллифон навиштаанд, рушди сармояи инсонӣ дар заминаи густариши "Муносибатҳои шахсӣ ва хонаводагӣ" дар Тоҷикистон ба даст омадааст.

Ба ибораи дигар риштаҳои қавии хонаводагӣ ва хешу таборӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон, ки таърихан назар ба ҷомеаҳои дигар хеле қавиву зич аст, боиси рушд шудааст. Манзур аз навиштаи муаллифон, кӯмаки бародару хоҳарон аз як хонавода ба ҳамдигар аст, ки то ҳадде шиддати фақру нодориро коҳиш медиҳад.

Аммо аз рӯи ду нишондод аз ин ҷадвал Тоҷикистон на танҳо пешрафте даст наёфта, балки рукуд кардааст. Ба хулосаи пажӯҳишгарон, дар ду нукта – амният ва озодии баён ва дастрасӣ ба иттилоъ дар ҷомеаи Тоҷикистон рӯ ба танназул ниҳодааст. Мавқеи кишвар аз рӯи банди "терроризм", ки марбут ба амният аст, 47 зина ва аз рӯи "Озодии баён ва дастрасӣ ба маълумот" 13 зина назар ба даҳсолаи қабл поин рафтааст.

Тоҷикистон солҳои охир бинобар саркӯби озодии баён ва фишор болои журналистон мавриди танқиди созмонҳои ҳомии озодии баён қарор дорад. Дар "Шохиси озодии баён" дар кишварҳои ҷаҳон, ки созмони Гузоришгарони бидуни марз ҳар сол нашр мекунад, дар миёни 180 кишвар имсол дар мақоми 161-ум қарор дорад.

Аммо аз рӯи дигар нишондиҳандаҳо, аз ҷумла суботи макроиқтисодӣ ва шароити пешбурди соҳибкорӣ ба арзёбии Legatum Institute Тоҷикистон дар даҳсолаи охир пешрафт кардааст.

Хайрулло Мирсаидов, хабарнигори тоҷик, ки мавзӯъҳои иқтисодиро зиёд бозтоб додааст, мегӯяд, созмонҳои байналмилалӣ бар пояи омор ва маълумоте, ки ниҳодҳои давлатӣ пешниҳод мекунанд, ба Тоҷикистон баҳо медиҳанд.

Ӯ гуфт: "Бинобар омори расмӣ рушди иқтисоди Тоҷикистон дар ҳавзаи ИДМ аз ҳам пеш аст, ба гузориши давлат мизони фақр аз 60 дарсади пешин то 30 фоиз поин омадааст. Яъне ин созмонҳо бар асоси ҳамин гуна гузоришҳои расмӣ вазъи ҷомеаи Тоҷикистонро баҳогузорӣ мекунанд ва ин гуна раддабандиҳо тартиб дода мешавад".

Мирсаидов мегӯяд, ҳарчанд омори расмӣ дар бораи рушди иқтисодӣ ва мизони фақр дар кишвар боварбахш нестанд, вале давлат ягона ҷамъоваранда ва пешкашкунадаи чунин маълумот аст ва созмонҳо ба он такя мекунанд.

Ба ин монанд, чанд рӯзи пеш созмони дигаре бар асоси назарсанҷӣ Тоҷикистонро ба қатори кишварҳои амни ҷаҳон ворид кард.

"Барои ман ин натиҷаҳо хандаовар аст. Мушкил дар он аст, ки мардум дар Тоҷикистон кам ба хориҷа сафар мекунанд ва намедонанд амнияти воқеӣ чӣ гуна аст? Масалан, ман ду сол боз ба 8 кишвари Аврупои сафар кардам, боре ҳам пулис аз ман ҳуҷҷат напурсидааст. Дар Тоҷикистон ва Русия, ки тоҷикон зиёд он ҷо сафар мекунанд, аслан ин ҳолатро тасаввур кардан душвор аст", иброз дошт ӯ.

Мирсаидов афзуд, инкор намекунад, ки сатҳи зиндагӣ дар даҳсолаи охир дар Тоҷикистон беҳ мешавад, аммо "суръати рушди кишвар хеле суст аст". Агар ҳукумат дар Тоҷикистон хуб амал кунад ва мисли ҳозир "то ба гарданд дар коррупсия" нағутида бошад, кишвар бо суръати хеле тезтар метавонад рушд кунад, хулоса кард ӯ.

Тоҷикистон дар шохис ё индекси созмони байналмилалии Transperency International (Шаффофияти Байнулмилал) дар миёни 180 кишвар дар ҷойи 150-ум аст. Ба ибораи дигар, Тоҷикистон аз 30 кишвари фасодзадаи дунё эътироф мешавад. Вале ҳукумат аз рушди иқтисд мегӯяд, ҳарчанд эътироф мекунад, ки зимни ҳамагири коронавирус зиён ба иқтисоди кишвар танҳо имсол 2 миллиард долларро ташкил диҳад.

XS
SM
MD
LG