Ссылки доступа

Ҷанҷол барои ангишти арзон дар Узбекистон (видео)


Сокинони чанде аз навоҳии Узбекистон, ки бо гази табиӣ таъмин нестанд, барои харидани ангишти арзон дар навбат меистанд.

Дар наворе, ки расонаҳо нашр карданд, дида мешавад, ки чи гуна барои ангишти арзон сокинон ҷанҷол мекунанд. Кормандони пулис наметавонанд, навбатпоиро ба танзим дароранд.

Азиза Холиқова, сокини вилояти Андиҷони Узбекистон мегӯянд, субҳи 11 ноябр барои харидани ангишт омад ва дар навбати 51-ум номнавис кард, аммо то нисфирӯзӣ ҳам навбаташ нарасид.

"Қариби бегоҳ ҳамаги 39 кас ангишт дастрас карданд. Бо ҳамин ангишт тамом шуд ва аз мо хостанд, ки субҳи дигар ба ангиштхарӣ биоем", - гуфт Холиқова.

Сокинони навоҳие, ки бо гази табиӣ таъмин нестанд, мегӯянд, харидани ангишт барояшон мисли обу ҳаво зарур аст.

"Газ надорем, барқро ҳам гоҳу ногаҳ хомӯш мекунанд. Ҳезум гарон аст. Танҳо бо ангишт мешавад, рӯзгорро пеш бурд. Аммо барои харидани ангишт сокинон ҷанҷол мебардоранд, зеро ангишти маҳаллӣ нисбати ангишти қазоқӣ ду баробар арзон аст. Агар аз ҳад зиёд сарфакорӣ кунем, аз моҳи ноябр то охири феврал 1,5 тона ангишт харҷ мекунем", - гуфт сокини 68-солаи деҳаи "Ахатчӣ" дар вилояти Андиҷони Узбекистон.

Ба иттилои ширкати "Узбекангишт", дар Узбекистон ҳамасола бештар аз 4 миллион тона ангишт истихроҷ мешавад. Ин миқдор ангишт 80 дарсади талаботи сокинонро таъмин мекунад.

Ҳукумати Узбекистон дар як ҷаласа 19 сентябр хабар дода буд, ки барои таъмини мардум бо ангишт дар давраи зимистону тирамоҳ ба 6 миллион тона ангишт зарурат аст.

XS
SM
MD
LG