Ссылки доступа

Думаи давлатии Русия қонуни ба сифр баробар кардани давраҳои президентии Путинро ба баррасӣ мегирад


Раиси кумитаи Шӯрои Федератсия дар умури қонунгузории конститутсионии Русия Андрей Клишас ва вакилони думаи давлатии он кишвар Павел Крашенинников ва Олга Севастянова тарҳи қонунеро ба порлумон ворид карданд, ки ба Владимир Путин иҷоза медиҳад, ду давраи дигар дар интихоботи президентӣ номзад шавад.

Дар бораи ворид шудани тарҳи қонун сомонаи Думаи давлатӣ хабар медиҳад.

Тарҳи мазкур барои ба иҷро даромадани ислоҳоти Конститутсия таҳия шудааст, ки тобистони имсол қабул шуд. Дар тарҳи қонун омадааст, як шаҳрванд наметавонад, бештар аз ду маротиба президент интихоб шавад.

Аммо ин маҳдудият ба роҳбари давлат, ки замони ба иҷро даромадани ислоҳот сари қудрат аст, дахл надорад, гуфт вакили порлумон Андрей Клишас.

Рӯзи 10 марти соли ҷорӣ вакили Думаи давлатии Русия Валентина Терешкова пешниҳод кард, ки муҳлатҳои президентии Путин ба сифр баробар дониста шавад ва ба ин тартиб, ба Путин иҷоза шавад, ки ду маротибаи дигар ба ҳайси президент интихоб гардад. Ин ислоҳот тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи Русия ворид карда шуд.

Владимир Путин бори аввал соли 2000 президенти Русия интихоб гардид. Соли 2004 вай бори дигар дар интихобот пирӯз эълом шуд. Он замон муҳлати президентӣ дар Русия 4 сол буд. Путин соли 2008 сарвазир ва Дмитрий Медведев президент интихоб шуд.

Владимир Путин соли 2012 бори севум ва ба муҳлати 6 сол президент эълом гардид. Соли 2018 вай бори чаҳору барандаи интихоботи президентӣ эълом шуд. Дар сурати тасдиқи тарҳи ахири қонун дар Думаи давлатии Русия, Путин имкон пайдо мекунад, ки солҳои 2024 ва 2030 низ ба мақоми президентӣ номзад шавад.

XS
SM
MD
LG