Ссылки доступа

Раимбек Матраимов ба суратҳисоби вазорати молияи Қирғизистон 493,8 млн сом ворид кард


Муовини пешини раиси Хадамоти гумруки Қирғизистон Раимбек Матраимов ба суратҳисоби вазорати молияи он кишвар 493,8 миллион сом (муодили 5,8 млн доллар) ворид кардааст.

Дар ин бора аз вазорати молияи Қирғизистон хабар доданд.

Матраимовро дар доираи тафтиши парвандаи фасодкорӣ дар хадамоти гумрук боздошт карданд. Вай солҳои 2015 то 2017 муовини раиси ин хадамот буд.

Бино ба таҳқиқоти рӯзноманигорие, ки чанде аз расонҳои дохилии Қирғизистон ва байналхалқӣ нашр карданд, Матраимов дар солҳои гуногун наздики 700 миллион доларро аз Қирғизистон ба хориҷ бурдааст.

Матраимовро бозпурсӣ ва ба ҳабси хонагӣ гирифтанд. Вай ваъда кардааст, ки зарари расонидаро дар ҳаҷми 24 миллион доллар барқарор хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG