Ссылки доступа

Шерниёз: Қирғизистониҳо баъди тағйири Конститутсия соҳиби худкома мешаванд


Вакили пешини порлумони Қирғизистон Содиқ Шерниёз дар робита ба лоиҳаи Конститутсияи нави ин кишвар, ки ба баррасии умум пешниҳод шудааст, изҳоротеро нашр кард.

Шерниёз лоиҳаи Конститутсияи нави Қирғизистонро "талоши як шахс барои ғасби қудрат ва ташкили низоми худкома" номид.

"Кишвар дар сурати қабули ин лоиҳаи Конститутсия ба самти тоталитаризм равона хоҳад шуд. Лоиҳаи нави Конститутсия ду давраи президентиро пешбинӣ мекунад, ки гӯиё аз сӯи шӯрои мардумӣ, ниҳоди назораткунандаи порлумон пешниҳод шудааст. Ин ҳама роҳ ба сӯи худкомагӣ ва ба ҳам задани шохаи қонунгузор аст. Агар мо ин Конститутсияро қабул кунем, на президент, балки худкома хоҳем дошт", - изҳор доштааст Шерниёз.

Вакили пешини порлумони Қирғизистон гуфт, қабули лоиҳаи мазкур ин кишварро дар масъалаи рушди демократӣ ба ақиб мебарад. "Аз он дар ҳайратам, ки чи гуна вакилони порлумони Қирғизистон тавонистанд зери ин лоиҳа имзо гузоранд", - афзуд ӯ.

Лоиҳаҳои Конститутсияи нав ва қонуни таъйини раъйпурсӣ дар рӯзи 10 январро сомонаи порлумони Қирғизистон 17 ноябр нашр кард. Лоиҳаи қонун баъди як моҳи баррасии умум ба порлумон пешниҳод мешавад.

XS
SM
MD
LG