Ссылки доступа

Айбдоршавандаҳои "парвандаи Сӯх" дар Узбекистон аз эътирофҳои аввалия даст мекашанд


Дар додгоҳи вилояти Фарғонаи Узбекистон ҷаласаи дувуми додгоҳии 22 муттаҳаме баргузор шуд, ки ба иштирок дар бетартибиҳои оммавӣ дар ҷазирақаламрави Сӯхи Узбекистон айбдор мешаванд.

Яке манбаъ гуфт, рӯзи 16 ноябр аз 22 айбдоршаванда 22 танашон гуфтанд, ки айбҳои эъломшударо эътироф намекунанд.

Даҳҳо одам дар занозании сокинони Узбекистон бо Қирғизистон рӯзи 31 май маҷруҳ шуданд. Занозании сокинони ду кишвар бар сари тақсими оби чашмае дар ҷазирақаламрави Сӯхи Узбекистон рух дод.

Баҳодур Элибоев, ҳомии ҳуқуқ аз Сӯх гуфт, 9 айбдоршаванда дар ҳабс ва 13 тани дигар дар ҳабси хонагӣ ҳастанд.

Айбдоршавандаҳо дар додгоҳ гуфтанд, ки ҳангоми боздошт ба сари онҳо халта кашида, бо мошини ёрии таъҷилӣ ба боздоштгоҳ бурдаанд.

Ҷанҷоли сокинони наздимарзии ду кишвар рӯзи 31 май рух дод, аммо айбдоршавандаҳоро танҳо баъди се моҳи ҳодиса боздошт карданд.

Дар он ҷанҷол сӯи ҳокими пешини вилояти Фарғона Шуҳрат Ғаниев санг партофта шуд.

Баҳодур Элибоев гуфт, ки ҷаласаи навбатии додгоҳ рӯзи 16 ноябр дар назар аст.

Мақомоти Қирғизистон ҳам хабар доданд, ки дар ҳодисаи 31 май 25 шаҳрванди Қирғизистон ҷароҳат бардоштааст.

XS
SM
MD
LG