Ссылки доступа

Муовини пешини вазири энержии Қазоқистон гуфт, далелҳои зидди ӯ "сохтаанд"


Муовини пешини вазири энержии Қазоқистон Анатолий Шкарупа, ки дар дуздии пулҳои будҷа айбдор мешавад, дар додгоҳ гуфт, дар рафти таҳқиқи парвандаи ӯ қонуншиканиҳо сурат гирифта, баъзе аз далелҳо "сохта" мебошанд.

Ба гуфтаи Шкарупа, эҳтимол дорад, баъзе аз қарорҳо бо санаи гузашта, баъди оғоз шудани парвандаи ҷиноӣ зидди вай содир шудаанд. Вале айбдоркундаи давлатӣ иддаои Шкарупаро беасос номид.

Муовини пешини вазири энержии Қазоқистон ҳамчунин мақомоти тафтишотири дар нақзи "ҳуқуқи конститутсионӣ барои ҳимоят" ва додситониро ба нодида гирифтани шикоятҳо дар бораи қонуншиканиҳо айбдор кард. Аммо додситон дар посух гуфт, ҳуқуқи Шкарупа пурра риоя шудааст ва ӯ бо шикоятҳояш мехоҳад, баррасии додгоҳӣ тул бикашад.

Пештар Анатолий Шкарупа, ки аллакай ду сол мешавад дар ҳабс қарор дорад, бо навиштани номае ба президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев гуфтааст, ҳуқуқи ӯ ба озодӣ барқасдона ва ғайриқонунӣ поймол мешавад. Ба гуфтаи муовини пешини вазири энержии Қазоқистон, ӯро бар асоси далелҳои бофта дар дуздии 215 миллион танга айбдор мекунанд.

Анатолий Шкарупа нимаи дувуми моҳи ноябри соли 2018 боздошт шуд. Ӯ ибтидои моҳи октябри соли гузашта ба ин мақом таъйин шуда буд. То ин дам вай ду сол раиси шаҳри Сарани вилояти Қарағанда буд. Шкарупа ба он айбдор мешавад, ки ҳангоми раиси шаҳр буданаш 215 миллион танга (беш аз 580 ҳазор доллар)-ро аз худ кардааст.

Додситони кулли Қазоқистон Кайрат Кожамжаров ду ҳафта пеш аз боздошти ӯ дар Шӯрои амнияти кишвараш ба Нурсултон Назарбоев гуфт, ки ҳангоми раҳбарии Шкарупа дар Саран дар хонаҳои сокинон ҳисобкунакҳои низоми гармидиҳӣ насб карда шудааст. Вале дар ин шаҳр шабакаи гармидиҳӣ аслан вуҷуд надорад.

XS
SM
MD
LG