Ссылки доступа

Узбекистон дар сохтмони беморхонаи касалиҳои гузаранда дар Қирғизистон кӯмак мерасонад


Узбекистон ба Қирғизистон кӯмаки башарии иборат аз маҳсулоти ғизоӣ ирсол кард.

Ба иттилои вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон, рӯзи 17 ноябр қатораи ҳомили 3 ҳазор тона кӯмаки ғизоии Узбекистон ба шаҳри Ӯши Қирғизистон расид.

Ба ҷуз ин, Узбекистоно пешниҳод кардааст, ки дар фурсатҳои наздик барои сохтмони беморхонаи касалиҳои гузаранда маводи сохтмонӣ ирсол мекунад.

Узбекистон рӯзи 15 ноябр ба Қирғизистон барои мубориза бо вабои коронавирус кӯмак ирсол карда буд.

Соли ҷорӣ дар маҷмуъ Узбекистон 5 маротиба ба Қирғизистон кӯмаки башарӣ расонидааст.

Рӯзи 3 август вазири ҳолатҳои фавқулодаи Қирғизистон Замирбек Аскаров гуфта буд, ки аз моҳи март то ибтидои моҳи август ба Қирғизистон дар ҳаҷми 560 ҳазор доллар барои мубориза бо вабои коронавирус кӯмак ирсол кардааст.

XS
SM
MD
LG